Пайвандҳои дастрасӣ

Пас аз як моҳи дигар кӯдакону наврасони тоҷик филми тасвириеро, хоҳанд дид, ки ба шеваи комилан нави аниматсионӣ наворбардорӣ шудаааст.

«Кӯҳистон» аввалин филми тасвирии тоҷикист, ки бо истифода аз фанновариҳои себуъдӣ ё 3D наворбардорӣ шуд. Нақшҳоро дар он одамон бо пӯшидани либоси махсуси муҷаҳҳаз бо сенсорҳо ё абзори фанние бозидаанд, ки ҳаракатро ба компютер мекӯчонанд. Дар компютер ин ҳаракатҳо бо симоҳое, ки рассом кашидааст, пайванд дода мешаванд.



Ба ақидаи Акмал Саидов, аниматори филм, ки расму аксҳоро ба ҳаракат меорад, гурӯҳ тамоми талошро кардааст, ки филм дар сатҳи ҳунари аниматсионии Ғарб наворгирӣ шавад: «Ҳарчанд ин аввалин филми аниматсионии мо бошад ҳам, талош мекунем дар сатҳи баланду сифати хуб онро мисли дигар кишварҳои пешрафтаи истеҳсолкунанда омода кунем. Талош дорем филмро бо сифати хеле хуб омода кунем, то ҳамчун истеҳсолкунанда аз кишварҳои Ғарб қафо намонем.»

Алексей Румянцев

Алексей Румянцев

Табиати зебои Тоҷикистонро, коргардони филм, Алексей Румянцев, ангезанда ва илҳомбахши ҳамкорони худ номид ва гуфт, бовар дорад, на танҳо мӯҳтаво, балки манзараҳои воқеии кишвар таваҷҷуҳи бинандагонро ба худ хоҳанд кашид: «Албатта мо кишвари худро бисёр дӯст медорем. Мо аз табиати Тоҷикистон бисёр фараҳмандем ва қисме аз вақти худро берун аз шаҳр мегузаронем ва аз он ҷо бо нерӯи нав бармегардем. Мо омода ҳастем, ки дар бораи кӯҳҳо, дарёҳо ва водиҳо ба дигарон қисса кунем. Аниматсияҳо барои нишон додани ин ҳама зебоиҳо бисёр воситаи хуб аст, ки тариқи он расомҳо ва 3D аниматорҳо ин ҳама зебоиҳоро метавонанд ба кӯдакон нишон диҳанд.»

Маҳмадалӣ Давлатов, ки тамоми манзараҳои филмро омода мекунад, гуфт, онҳо бештар аз манзараҳои деҳоти кӯҳистони Тоҷикистон, алалхусус минтақаи Сарихосор истифода кардааст. Ҳатто ҳайвонҳое истифода шудаанд, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва ҳама қаҳрамонҳо низ дар тан либоси миллии тоҷикӣ доранд: «Беш аз 800 акси манзараву деҳоти Тоҷикистон дар ин филм инъикос ёфтаанд. Ҳатто акси хонаҳоеро истифода кардем, ки онҳоро имрӯз дар шаҳр дигар пайдо кардан ғайриимкон аст.»

Маҳмадалӣ Давлатов

Маҳмадалӣ Давлатов

Ривояти филм аз муносибати инсон ва табиат иборат аст ва офарандагон мехоҳанд ин паёмро расонанд, ки инсон бояд нисбати табиат меҳрубон бошад, вагарна посухи ногувор хоҳад гирифт. Филми нав аз лиҳози фаннӣ пешрафтаи аниматсионии тоҷикӣ дар ҳоле рӯйи парда меояд, ки бачаҳои тоҷик саргарми тамошои филмҳои тасвирии ғарбӣ ва русиянд.

Шералӣ Сафаров як хонандаи синфи 7 мегӯяд, бештар ба филмҳои ғарбӣ рағбат дорад, то бозмондаҳои Шӯравии пешин. Ӯ бештар филми Мадагаскарро тамошо мекунад. Ин филмро барои он дӯст медорад, ки нақшофарандагони он ҳайвонҳоянд ва бештари воқеаҳо дар боғи ҳайвонот мегузаранд. Дар як саф бо «Мадагаскар» филмҳои «Том ва Ҷеррӣ», «Ҳоло ист!» ба наврасону кӯдакон писанданд.

Дар ин байн, мутахассисони синамо аз таҳия шудани филми нави тоҷикӣ
истиқбол мекунанд. Коргардони синемо Сафар Ҳақдодов мегӯяд, ҷомеаи тоҷик имрӯз ба чунин филмҳо хеле ниёз доранд. Ин аст, ки идеяи пешниҳод кардаи Умед Улуғов ва гурӯҳи бачаҳое, ки бо ӯ кор мекунанд боиси таҳсин аст. Зеро тамоми кӯдакони тоҷик филмҳои тасвирии амрикоиву аврупоиро тамошо мекунанд. Ҳол он ки дар ҳар як оилаи тоҷик на камтар аз ду кӯдак аст.

Сафар Ҳақдодов

Сафар Ҳақдодов

Ба қавли ҷаноби Ҳақдодов, бояд вазорати маорифи Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои зирабт барои амали кардани чунин филмҳо маблағ ҷудо намоянд. Ҳатто вақти он расидааст, ки ҷомеаи тоҷик низ бояд филмсозони касбиро омода намояд: «Филмҳои қадимии замони Шӯравиро аз «Ҳоло ист!» сар карда гоҳ ба забони русиву гоҳ бо тарҷума то ҳол нишон медиҳем. Ё филмҳои тасвирии хориҷиро такрору ба такрор намоиш медиҳанд, ки ин аз зарурати ҳамин чиз аст. Бинобар ин бояд дар кинои тоҷик ҳатман як бахше бошад, ки ба ин кор машғул шаванд. Диққати ҷиддӣ диҳанд. Ин кори бениҳоят заҳматталаб аст.»

Тавре гуфта мешавад пешниҳод ба навор гирифтани чунин як филм аз ҷониби ҷавони тоҷик, Умед Улуғов ба миён омада, барои сабти филм 60 ҳазор доллари амрикоӣ сарф шудааст. Филмро дар ҳоле се нафар омода доранд, ки дар кишварҳои Ғарб барои наворгирии ин гуна филмҳо на камтар аз 50 ё 60 нафар машғул мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG