Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар "Панҷи поён" нуқтаи гумрукӣ боз шуд


Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аз ифтитоҳи нуқтаи гумрукӣ дар минтақаи озоди иқтисодии "Панҷи поён", воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон хабар дод.
Дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 31 январ зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки ин нуқтаи гумрукӣ дар минтақаи озоди иқтисодии "Панҷи поён", ки дар мавзеи Қарадуми ноҳияи Қумсангири вилояти хатлон, воёеъ аст, гушоиш ёфт. Ба иттилои ин манбаъ, дар ин нуқтаи гумрукӣ шароити хуби корӣ фароҳам шудааст ва он ҷиҳати ҷалби сармоягузорон барои фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ кӯмак хоҳад кард. Зимнан, сохтмони нуқтаи гумрукӣ дар минтақаи озоди иқтисодии "Панҷи поён" муддати шаш моҳ идома пайдо кард ва дар маҷмуъ маблағи беш аз 300 ҳазор ё муодили ҳудуди 64 ҳазор доллар масраф гардид. Минтақаи озоди иқтисодии "Панҷи поён", воқеъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, ҳамзамон бо се минтақаи дигар дар чор соли пеш таъсис шудааст. Ба ҷузъ "Панҷ", боз "Суғд", "Ишкошим" ва "Данғара" аз ҷумлаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳастанд, ки дар шимолу шарқ ва ҷануби Тоҷикистон ифтитоҳ шудаанд. Ба иттилои расмӣ, ҳоло дар минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ" 9 субъект, аз ҷумла ширкати савдо ва сохтмонии “Пионер”-и Амрико, ширкатҳои тиҷоратии “Бурок” ва “Анбат-Сервис” қитъаҳои замин гирифта, сармояи наздик ба 10 миллион доллариро ба ин минтақа ворид кардаанд.
XS
SM
MD
LG