Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия се муҳоҷири узбакро зиндонӣ карданд


Дар Русия се муҳоҷири узбакро барои то дами марг кӯфтани як мухлиси футбол дар шаҳри Санкт Петербург ба зиндон маҳкум карданд. Додгоҳ рӯзи чаҳоршанбе Маъмур Қудратови 32-сола, Низом Розиқови 33-соларо ба 3 солӣ ва Икром Розиқови 41-соларо ба 6 соли зиндон маҳкум кард. Онҳоро дар марги Роман Ловчиков гунаҳкор донистанд, ки соли 2011 баъди муноқиша бо муҳоҷирони узбак даргузашт. Ҳарсе нафар худро дар додгоҳ бегуноҳ хонда ва гуфтанд, ки Ловчиков ва як нафари дигар аввал ба онҳо ҳамла карданд ва онҳо маҷбур буданд, ки худро муҳофизат кунанд. Баъзе аз мухлисони ашаддии футбол дар Русия баъди анҷоми бозиҳо муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро таҳқир ва ё латукӯб мекунанд.
XS
SM
MD
LG