Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама вакилони амрикоиро мутақоид кард


Баъди таҳдиди Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, ки ҳаргуна қонун дар бораи таҳримоти нав алайҳи Эронро вето хоҳад кард, вакилони амрикоӣ аз таҳияи чунин санаде даст кашидаанд. Барак Обама, рӯзи сешанбе дар паёми солонааш ба мардуми Амрико гуфт, дар ҳоле ки музокирот дар бораи рафъи бӯҳрони барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон идома дорад, ҳеҷ гуна таҳрими нав алайҳи ин кишварро намепазирад. Ӯ афзуд, агар созиши дарозмуддати атомӣ бо Эрон ҳосил нашавад, худаш роҳи эъмоли таҳримоти навро пеш хоҳад гирифт. Баъди ин суханронӣ, баъзе аз вакилони мардумӣ аз Ҳизби Демократ гуфтаанд, ки ҳоло фурсат барои эъмоли таҳримоти нав алайҳи Эрон нест. Амрико ва дигар қудратҳои ғарбӣ бим доранд, ки Ҷумҳурии Исломӣ мехоҳад, пинҳонӣ бомбӣ атомӣ бисозад, вале Эрон ин иддаоро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG