Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардум аз Вазиристон мегурезанд


Бино ба гузоришҳо, ҳазорон нафар аз сокинони Вазиристони Шимолӣ, як минтақаи қабоилнишини Покистон аз тарси амалиёти артиш, аз хонаҳояшон гурехтаанд. Ҳафтаи гузашта артиши Покистон дар ин минтақа чандин дафъа ба паноҳгоҳҳои тундравон зарба зад. Хабаргузории “Франс Пресс” аз қавли Рафиулло, яке аз сокинони Вазиристони Шимолӣ навиштааст, ки то кунун “бештар аз 13 ҳазор нафар чанд рустои ин вилоятро тарк кардаанд”. Мақомоти Покистон таъйид карданд, ки 8 ҳазор нафар паноҳҷӯ ба шаҳри Банну, дар ҳамсоягии Вазиристони Шимолӣ омадаанд. Аршад Хон, яке аз масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар ин вилоят гуфт, дар воқеъ мардуми фирорӣ ба шаҳри Банну омадаанд, вале афзуд, ҳеҷ амалиёти низомӣ дар минтақа эълом нашудааст ва дастуре ҳам барои паноҳ додани беҷошудагон нагирифтаанд.” Дар посух ба чанде аз ҳамлаҳои тундравон ба нерӯҳои амниятӣ, артиши Покистон ба бомбоборони паноҳҳгоҳои онҳо дар Вазиристони Шимолӣ шурӯъ кард
XS
SM
MD
LG