Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи мухолифону ҳукумати Сурия идома мекунад


Қарор аст, имрӯз гуфтугӯи мухолифони давлат ва ҳукумати Сурия дар шаҳри Женева идома кунад. Пас аз тақрибан се соли ҷангу хунрезӣ онҳо бори аввал рӯзи шанбе дар шаҳри Женева рӯ ба рӯ гуфтугӯ карданд. Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи вижаи Созмони Милал барои Сурия, баррасиҳои рӯзи шанберо “оғози хубе” хонд. Ӯ гуфт, ки тарафҳо ба хотири эътимодсозӣ аввал, тарҳи созише барои расондани кӯмакҳои башарӣ ба мардуми мӯҳтоҷро баррасӣ кардаанд. Ахзар Иброҳимӣ афзуд, умедвор аст, ки тавофуқ сари ин масъала рӯзи якшанбе ҳосил мешавад ва иҷоза медиҳад, то корвонҳои кӯмакҳои башарӣ ба маркази шаҳри Ҳумс фиристода шаванд, ки дар тасарруфи шӯришиён аст. Фиристодаи Созмони Милал гуфт, барномааш барои гуфтугӯҳои баъдиро ҳам пешниҳод кардааст ва таъкид кард, ки дар ниҳоят бояд масъалаи иҷрои эъломияи соли 2012 иҷро шавад, ки дар он таъсиси як ҳукумати муваққат бо ризоияти мухолифони давлати Сурия пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG