Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Сурия бо ҳам гуфтугӯ мекунанд


Қарор аст, имрӯз дар шаҳри Женева, намояндагони ҳукумати Сурия ва мухолифони давлат дар бораи хотима додан ба ҷанг дар кишвар гуфтугӯ кунанд. Дар бораи оғози музокирот, ки баъди талошҳои дипломатии зиёд муяссар шуд, Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи вижаи Созмони Милал, барои Сурия хабар дод. Дипломатҳои хориҷӣ умеди зиёде надоранд, ки аз ин гуфтугӯҳо натиҷаи хубе ҳосил шавад. Ахзар Иброҳимӣ гуфтааст, ки қабл аз сӯҳбат дар бораи масоили сахти сиёсӣ, аввал иқдомҳои амалӣ, ба мисли созиши оташбас дар сатҳи маҳалҳо, табодули асирон ва дастрасии созмонҳои имдодӣ ба мардуми мӯҳтоҷ дар минтақаҳои даргириро матраҳ хоҳад кард. Дар гуфтугӯҳои пешакӣ дар шаҳри Монтро дар рӯзи чаҳоршанбе Ахзар Иброҳимӣ саъй кард, тарафҳои даргирро барои мулоқоти рӯ ба рӯ мойл намояд. Рӯзи ҷумъа ҳайати ҳукумати Сурия гуфт, агар масоили ҷиддӣ дар ин гуфтугӯҳо баррасӣ нашавад, дар он ширкат намекунад. Дар ҷанги шаҳрвандии тақрибан се солаи Сурия то кунун бештар аз 100 ҳазор кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG