Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркише дар Қоҳира як нафарро захмӣ кард


Бар асари таркиши бомб дар назди як қароргоҳи академияи пулиси Миср дар шаҳри Қоҳира як нафар захмӣ шудааст. Таркиш рӯзи шанбе ва дар рӯзи саввумин солгарди қиёмҳои мардумӣ сурат гирифт, ки бо суқути Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури худкомаи Миср анҷом ёфт. Рӯзе пештар аз ин дар силсилаи бомбгузориҳо дар Қоҳира шаш маъмури пулис кушта шуданд. Таркишҳо дар Миср, нигарониҳо аз авҷ гирифтани тундгароии исломӣ дар ин кишварро барангехтааст. Баъди аз сарнагун кардани Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури исломгарои Миср дар моҳи июли соли гузашта, ҳамлаҳои тундгароёни исломӣ дар ин кишвар бештар шуд. Барканории Мурсӣ аз тарафи артиш, сабаби бесарусомонӣ ва бӯҳрони сиёсӣ шуд ва ба сармоягузорӣ дар Миср ва сайёҳӣ, як манбаъи муҳими даромади кишвар таъсири бисёр бад гузошт.
XS
SM
MD
LG