Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозигии кишоварзон аз бунёди шаҳрча дар замини обӣ


Ҳукумати ноҳияи Темурмалик ба манзури бунёди шаҳрчаи муосир дар ин ноҳия 35 ҳектор замини обиро тахсис дода ва кишоварзон дигар ҳаққи фаъолияти боғдорӣ ва кишоварзиро надоранд.

Исроил Талбаков, сармеъмори ҳукумати ноҳияи Темурмалик рӯзи ҷумъаи 24-уми январ гуфт, ки ҳамакнун дар идораи сохтмон ва меъмории ноҳия нақшаи бунёди шаҳрчаи наву замонавӣ тарҳрезӣ шудааст ва ин ягона роҳи ҳалли бунёди хонаҳои баландошёна барои таъмин эътиёҷоти сокинон бо хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншоотҳои маишӣ аст.

Ба гуфтаи сармеъмори ҳукумати ноҳияи Темурмалик, тибқи нақшаи генералӣ дар ин 35 гектар замини обӣ хонаҳои баландошёна, бинои идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ ва дигар иншооти маишӣ бунёд мегардад, ки ҳам мушкили сокинонро бо манзили зист ҳал мекунад ва ҳам ба ноҳияи Темрмалки ба як шаҳраки замонавӣ табдил хоҳад ёфт.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ҷудо шудани 35 ҳектор замини обӣ барои бунёди шаҳрак, мояи нигаронии идораи кишоварзии минтақа шудааст. Чун ба таъкиди онҳо, худи заминҳои обии ноҳияи Темурмалик барои кишоварзони ноҳия ва истеҳсоли маҳсулоти тару тоза камӣ мекунад ва 35 ҳектари дигарро ба ин мақсад тахсис додаанд, фаъолияти соҳа душвор хоҳад шуд.

Баҳринисо Назарова, як масъули идораи кишоварзии минтақаи Кӯлоб гуфт, нишондодҳои кишоварзони ноҳияи Темурмалик, ки ба парвариши меваю сабзавот машғул ҳастанд, қонеъкунанда нест ва кам шудани заминҳои обӣ дар чунин ҳолат албатта ба манфиати мо кишоварзон нест."

Аммо масъулони Кумитаи заминсозии минтақаи Кӯлоб мегӯянд, то ҳол нақшаи генералии ноҳияи Темурмалик ба дасти онҳо нарасидааст, вале тибқи қонунҳои амалкунанда, ҳукумати ноҳия ҳуқуқ дорад, ки аз заминҳои дар ихтиёр будааи қаламрави ноҳия, барои беҳбуди шароити маишии ноҳия истифода кунад.

Бунёди шаҳрчаи Темурмалик дар замини обӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00

Ҳарчанд Тоҳир Саидов, раиси кумитаи заминсозии минтақаи Кӯлоб пешниҳод доранд, ки "беҳтар мебуд, то дар чунин ҳолатҳо аз заминҳои лалмӣ ва бекорхобида кор гирифта шавад. Чун ин масъул низ истифодаи заминҳои обиро ба сохтмон дар ҷиҳати рушди иқтисодии минтақа ба манфиат намедонад."

Дар ҳамин ҳол, дар ноҳияи Темурмалик, бунёд ё фонди махсуси «Эҳёи Темурмалик» ташкил шудааст ва то кунун тариқи хайрияи мақомоту сокинон, маблағи 800 ҳазор сомонӣ дар ин сандуқ ҷамъ омадааст. Худи Мирзохон Сангов, раиси ноҳияи Темурмалик ҳар моҳ ба ин сандуқ аз ҳисоби маоши худ маблағи 120 сомонӣ ворид мекунад.

Зимнан, Темурмалик, бо ҳудуди 60 ҳазор ҷамъият, яке аз даҳ ноҳияи минтақаи Кулоби вилояти Хатлон аст. Ноҳияи куҳистонист ва аслан сокинони он ба кишоварзӣ ва чорводорӣ машғуланд. Бо таваҷҷуҳ ба куҳистонӣ будани Темрмалик, қисми ками сокинон ба заминҳои обӣ таъмин мебошанд. Зеро тибқи иттилои расмӣ, аз 12 ҳазор ҳектар заминҳои кишоварзӣ, танҳо 752 ҳектори онро заминҳои обӣ ташкил медихад.
XS
SM
MD
LG