Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости сафорат аз донишҷӯёни тоҷик дар Украина


Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина хитоб ба донишҷӯёни тоҷики муқими ин кишвар эъломияе ба нашр расондааст. Дар ин эъломия сафорат гуфтааст, “бо назардошти авҷгирии хушунатҳо дар маркази шаҳри Киев ва идомаи задухӯрдҳои эътирозгарон бо қувваҳои полис ба маҳаллоти пуриздиҳоми шаҳр набароянд ва дар ин рӯзҳо аз иштирок дар ҳар гуна чорабиниҳо худдорӣ намоянд”.

Ёқубҷон Дустбоев, яке аз донишҷӯёни тоҷик дар Украина ин хабари сафорати Тоҷикистонро тавассути шабакаи иҷтимоии Skype ба радиои Озодӣ фиристодааст.
XS
SM
MD
LG