Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2013: 66 нафар ҷазо гирифтаанд, аз ҷумла 2 нафар якумра


Давоми соли гузашта дар Тоҷикистон 49 парвандаи ҷиноӣ дар додгоҳҳо баррасӣ гардидааст, ки 80 нафар айбдор дониста шудааст. Нусратулло Абделлоев, раиси Додгоҳи олӣ рӯзи 21-уми январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки аз шумораи умумии маҳкумшудагон ба 66 нафар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, аз ҷумла нисбати 2 нафар ҷазои якумра, ба 4 кас ҷазои ҷарима, ба 4 кас ҷазои маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ татбиқ шудааст ва нисбати 6 нафар шартан ҷазо татбиқ нашудааст. Дар умум ба гуфтаи раиси Додгоҳи олӣ соли гузашта 7051 парвандаҳои шаҳрвандӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дархосту пешниҳодҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Соли гузашта аз ҷониби коллегияиҳои додгоҳӣ дар марҳалаҳои касатсионӣ ва назоратӣ 301 парвандаҳои ҷиноятӣ, 354 парвандаи шаҳрвандӣ, 220 оилавӣ ва 17 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG