Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозрасони Ожонс ба Теҳрон ворид шуданд


Як гурӯҳи бозрасони Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаии вобаста ба СММ вориди Теҳрон-пойтахти Эрон шудааст, то оғози иҷрои созишномаҳои моҳи ноябри ин кишвар бо шаш қудрати ҷаҳониро бозрасӣ кунад.

Раҳбарии ин гурӯҳро Массимо Арапо бар уҳда дорад ва интизор меравад, ки ин гурӯҳ бо мақомоти эронӣ мулоқот ва дар бораи тадбирҳои иҷрои созмшнома ба Ожонси Байналмиллалӣ гузориш диҳад.

Созишномаи мазкур аз 20 январ ба иҷро медарояд ва бар асоси он Эрон бояд дар давоми шаш моҳ ғанисозии урани худро ба 5 дарсад маҳдуд кунад ва аз иҷрои баъзе барномаҳои дигар низ худдорӣ варзад, то таҳримҳои байнамиллалӣ коҳиш ёбад.

Дар давоми ин шаш моҳ шаш қудрати ҷаҳонӣ, яъне Британияву Чин, Русияву Олмон ва ва Амрикову Фаронса бо Эрон музокиротро ҳамчунон идома хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG