Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матни созишнома бо Эрон ба Конгресс рафт


Ҳукумати Амрико матни мувофиқатномаи иҷрои созишномаи ҳастаӣ бо Эронро ба Конгресс фиристодааст. Муқаддимаи ин санадро, ки рӯзи 12 январ миёни қудратҳои ҷаҳонӣ ва Эрон ҳосил шуд, дар матбуот нашр карданд. Пештар аз ин ҳукумати Амрикоро танқид мекарданд, ки матни тавофуқномаро махфӣ нигаҳ медорад. Ҷей Карни, сухангӯи Кохи Сафед, рӯзи панҷшанбе гуфт, ба дархости Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ ҷузъиёти фаннии тавофуқнома махфӣ нигаҳ дошта мешавад. Ин созмони байналмилалӣ бояд назорат кунад, ки Эрон бар тибқи аҳдҳои додааш дар бораи фаъолиятҳои атомиаш амал мекунад. Бар асоси созишнома дар бораи барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон, ки моҳи ноябри соли гузашта ин кишвар ва қудратҳои ҷаҳонӣ сари он ба созиш расиданд, Эрон дар ивази сабук кардани таҳримоти иқтисодӣ, баъзе аз фаъолиятҳои атомиашро бозмедорад ва барномаҳои атомиашро барои нозирони байналмилалӣ комилан боз мекунад.
XS
SM
MD
LG