Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мунтазири шарҳи расмии мақомот ҳастем"


Карим Азизов, муовини аввали раиси ТВ "Сафина"
Карим Азизов, муовини аввали раиси ТВ "Сафина"

Масъулони шабакаи телевизионии "Сафина" мегӯянд, дар заминаи пахши ахбор аз ҳаводиси ахир дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон, мунтазири шарҳи расмии мақомот ҳастанд.

Карим Азизов, муовини аввали раиси Телевизиони "Сафина" рӯзи панҷшанбеи 16-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигорон, ки "чаро ин шабака ҳаводиси ахир дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистонро пӯшиш намедиҳад?", гуфт, "ин амр ба хотири он аст, ки дар пахши ахбору маводҳо иштибоҳ ё хатое сурат нагирад ва танҳо воқеият инъикос гардад".

Ба ин далел ҷаноби Азизов ибрози умедворӣ кард, ки ҷониби Тоҷикистон ва Қирғизистон қазияро ба таври мусолиматомез ҳал хоҳанд кард ва мунтазири шарҳи мақомот дар ин замина ҳастанд.

Муовини аввали раиси телевизиони "Сафина" дар бораи бештар будани рекламаҳои доруворӣ дар ин шабака гуфт, ки "ин амал ҷанбаи тиҷоратӣ дорад ва 65 корманди шабака низ маоши худро аз ин тариқ дарёфт мекунанд."

Зимнан, ба гуфтаи Карим Азизов, дар соли 2013, барномаи "Зебосанам" -и телевизиони "Сафина" дар сеюмин ҷашнвораи сеёми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо номи "ТЭФИ Иттиҳод" дар шаҳри Одессаи Украина соҳиби ҷоиза гардидаааст. "Зебонсанам" дар миёни 52 барномаи телевизионӣ ба ҷоизаи ин ҷашнвора сазовар гардидааст. Ин дуввуми ҷоизаи телевизиони "Сафина" аст.

Ҳамчунин ба таъкиди ҷаноби Азизов, дар соли 2013 аз тариқи шоу-барномаи "Тарроҳ" даҳҳо ҷавондухтарони тарроҳ кашф шуданд. Қарор аст, ки даври ниҳоии ин барнома дар ояндаи наздик дар толори "Кохи Ҷомӣ" ҷамъбаст шавад.

Муовини аввали раиси телевизиони "Сафина" гуфт, ки дар соли 2013 чиҳил маводи таҳлилӣ - интиқодӣ дар масоили мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон нашр шудааст.Ҳамчунин ба иттилои ҷаноби Азизов, дар бахши дубляжи ин шабака 22 филми ҳунарӣ ва 66 мустанад тарҷума шудааст.

Шабакаи телевизионии "Сафина" дар соли 2014 барномаи нави "Зан ва мард", ки шоу барнома аст, рӯи даст дорад. Дар ин барнома мавзуҳои мухталиф баҳс хоҳад шуд. Ҳамчунин барномаҳои дигаре, аз ҷумла " Агар гӯи, ки битавонам", "Сад роз", "Ҷило -2014, "Шоми Сафина", "2+2" ва "Чашми навор" ва "Тарроҳ - 2014" низ дар соли 2014 нашр мешаванд.
XS
SM
MD
LG