Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қурбониёни силсилабамгузориҳои Ироқ дар як рӯз


Рӯзи чаҳоршанбе як силсила бамгузориҳо дар Бағдод ва шаҳрҳои дигари Ироқ тақрибан 46 нафар кушта бар ҷой гузошт.

Дар як бамгузорие, ки дар Буҳризи вилояти дурафтодаи Диёла дар хаймаи маросими дафн рух дод, дастикам 16 нафар кушта шуд. Дар ин маросим ҳозирин маросими қурбониёни бамгузориҳои ду рӯзи пешро баргузор мекарданд.

Ҳамзамон дар чанд минтақаи Бағдод 7 мошини бамгузоришуда таркид ва 23 нафар ба қатл расид.
XS
SM
MD
LG