Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикори каркадан дар ивази 350 ҳазор доллар


Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иҷозанома барои шикори як навъи нодири каркадани сиёҳро ба маблағи 350 ҳазор доллар фурӯхтаанд. Маҳфили сайёдони аёлати Тексаси Амрико, ки музоядаро баргузор кард, аз ҳисоби ин пул дар ҳифзи ҳамин каркаданҳои дар ҳоли нобудӣ дар Намибия кӯмак мекунад. Худи музояда баҳсбарангез аст, зеро каркаданҳои сиёҳ дар вартаи нобудӣ қарор доранд, вале баргузоркунандагони музояда мегӯянд, ки пули ба даст омада барои барномаҳои ҳифзи ин ҷонварон сарф мешавад. Дар саросари Намибия танҳо 1800 каркадани сиёҳ боқӣ мондааст ва ҳукумати ин кишвар солона ба шикори 5 дона аз ин ҷонварон иҷоза медиҳад.
XS
SM
MD
LG