Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Авзоъ дар Рамодии Ироқ оромтар шудааст


Дар шаҳри Рамодии Ироқ кормандони идораҳои ҳукуматӣ зери тадобири шадиди амниятӣ ба ҷойҳои кории худ баргаштанд. Аммо айни замон тундравони исломӣ ҳамчунон бахшҳое аз шаҳри Фаллуҷа маркази вилояти ноороми Анборро дар даст доранд. Тундравони шарики Ал-Қоида ҳафтае пеш қисматҳое аз Фаллуҷаву Рамодиро ишғол карданд, аммо ба нерӯҳои давлатӣ ва қабилаҳои шарики онҳо муяссар шуд, ин гӯшаҳои ишғолшударо пас бигиранд. Ба гуфтаи як мақоми расмии вилояти Анбор дар ҷангҳои ду ҳафтаи гузашта дасти кам 60 нафар кушта шудаанд. Муноқиша дар вилоят баъди он сар сад, ки рӯзи 28 декабр мақомоти интизомӣ як вакили суннимазҳабро бо иттиҳоми терроризм боздошт карда ва хаймаи тазоҳургарони зиддиҳукуматӣ дар Рамодиро барчиданд.
XS
SM
MD
LG