Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба марги Ариел Шарон идома дорад


Вокуниши раҳбарони кишварҳои ҷаҳон ба марги Ариел Шарон, нахуствазири собиқи Исроил, идома дорад. Генерали собиқ, ки ҳашт сол пеш бар асари сактаи шадиди мағзӣ ба кома афтод, субҳи рӯзи шанбе дар синни 85-солагӣ даргузашт. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, фидокориҳои Ариэл Шарон барои Исроилро ситоиш кард. Қарор аст, Ҷо Байден, муовини Обама дар маросими дафни Шарон дар рӯзи душанбе ширкат кунад. Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, Шаронро “як меҳанпараст” хонд. Франсу Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса ва Ҳерман Ван Ромпуи, раиси Иттиҳодияи Аврупо ба Исроил изҳори тасаллият карданд. Аммо гурӯҳи фаластинии Ҳамос Ариел Шаронро як “ҷинояткор” номида ва аз марги ӯ изҳори хушҳолӣ кардааст. Шарон дар замони ҳукуматаш бо амалиётҳои низомӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ, идомаи шаҳраксозӣ барои яҳудиён аз раҳбарони сахтгир ва маҳбуби Исроил маҳсуб мешуд, аммо дар ҷаҳони араб манфуртарин раҳбари исроилӣ хонда мешавад.
XS
SM
MD
LG