Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷири Узбакистонро дар Маскав куштаанд


Дар шаҳри Маскав ҷасади як муҳоҷири кории Узбакистонро пайдо кардаанд. Пулиси Русия мегӯяд, ҷасади вайро бо захми ду тир дар як ширкати оҳанбурӣ пайдо кардаанд. Вай дар ҳамин ширкат кор мекардааст.

Номи ин муҳоҷири кориро ошкор накардаанд. Ба эҳтимоли даст доштан дар ин куштор як марди 31 сола аз ҷумҳурии Удмуртия ва як марди дигари 38 сола аз ҷумҳурии Комии Русия боздошт шудаанд. Номи онҳо низ эълон нашудааст.

Дар Маскав куштори муҳоҷирони кории кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз зуд-зуд рух медиҳад. Моҳи октябр дар Маскав тазоҳуроти бузурги эътирозӣ бар зидди муҳоҷирон барпо шуд. Он вақт иддао мекарданд, ки як муҳоҷири корӣ як ҷавони русро бо зарби корд куштааст.
XS
SM
MD
LG