Пайвандҳои дастрасӣ

Думаи давлатии Русия созишномаи лағви боҷи гумрукии маҳсулоти нафтӣ барои Тоҷикистонро баррасӣ мекунад.

Ҳукумати Русия созишномаи лағви пардохтҳои гумрукӣ аз маҳсулоти нафтиро ба Тоҷикистон барои тасвиб ба Думаи давлатӣ пешниҳод намуд, ки боҷи гумрукии фуровардаҳои нафтие, монанди бензин, керосин, сӯхти муаррикҳои реактивӣ, мазути сӯзишворӣ, битум ва омехтаҳои битумӣ, гази моеъ ва кокси нафтиро бекор мекунад.

Ин созишнома бахше аз бастаи аҳдномаҳои шароити будубоши пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон ва муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия буда, порлумони Тоҷикистон онро ҳанӯз моҳи майи соли равон ба тасвиб расонда буд. Аммо тибқи ин санад ҳукумати Русия бояд ҳар сол ҳаҷми умумии маводеро, ки аз боҷ озод хоҳад кард, муайян намояд. Ин ҳам дар ҳоле ки иҷрои он амалан пеш аз тасвиби созишнома, дар моҳи ноябри соли гузашта шурӯъ шудааст.

Дар ҷаласаи ахири ҳукумати Русия муайян гашт, ки дар соли 2014 Русия ба Тоҷикистон 360 ҳазор тонна бензин, 250 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 100 ҳазор тонна сӯхти ҳавопаймо, 200 ҳазор тонна кокси нафт, 32 ҳазор тонна битум, 50 ҳазор тонна мазут ва 8 ҳазор тонна гази моеъро бе боҷи гумрукӣ хоҳад фурӯхт. Ҳаҷми умумии ин боҷ беш аз 300 миллион доллар ҳадс зада мешавад.

Комиссияи қонунгузории ҳукумати Русия зикр кардааст, ки Созишнома содироти дубора ё реэкспорти маводи нафтии воридотӣ бидуни боҷи гумрукиро манъ мекунад ва дар ҳолати ошкор шудани чунин маворид Русия ҳақ дорад интиқоли маводи нафтии бидуни боҷи гумрукиро қатъ кунад. Тибқи ин манбаъ, созишнома дахлнопазирии моликияти субъектҳои хоҷагидории Русия дар Тоҷикистон ва Тоҷикистон дар Русияро кафолат медиҳад.

Ёддошти ҳусни тафоҳум дар бораи лағви боҷи гумрукии маводи нафтии Русия барои Тоҷикистон ҳанӯз 5 октябри соли 2012 ва худи санад ҳанӯз 6 феврали соли 2013 ба имзо расида буд.

Пас аз тасвиби созишнома дар Думаи давлатӣ бояд раисҷумҳури Русия онро имзо кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG