Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арчаи Соли Навро дар Душанбе гузоштанд


Дар Майдони Дӯстии шаҳри Душанбе арчаи солинавӣ гузошта шуд. Бадандии ин арча 22 метр аст ва он аз сар то по бо бозичаҳо, ситорачаҳову барфҳои рамзӣ оро дода шудааст. Дар ин бора хабаргузории “Азия Плюс” гузориш додааст.

Бино ба ин хабар, ҷашни Соли Нав дар пойтахти Тоҷикистон 27 декабр оғоз ёфтааст. Масалан, рӯзи шанбе дар “Кохи Ваҳдат” барои шогирдони мумтози мактабҳои шаҳри Душанбе як намоишномаи солинавӣ рӯи саҳна омад. 30 декабр шаҳрдорӣ дар бинои Тсирк барои кӯдакони хонаводаҳои нодор маҳфили солинавӣ баргузор мекунад.

Шоми 31 декабр дар Майдони Дӯстӣ, ки арчаи солинавӣ гузошта шуд, бо ширкати овозхонон консерт баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG