Пайвандҳои дастрасӣ

“Сюрпризҳо”-и президент ё орзуҳои соли навии мо


Ҳафиз Қаландаров

Ҳафиз Қаландаров

Дар замони Шӯравӣ мардум ҳазл мекарданд, ки дар «Правда» -«правда, яъне, ҳақиқат» вуҷуд надораду дар «Известия» -«Известия, яъне, хабар». Хабару ҳақиқатро мардум бештар дар радиоҳои хориҷӣ, сурудҳои Висотский ва ё варақаҳои ба ном «самиздат» меҷӯстанд.

Дар мо ҳам имрӯзҳо бисёре аз мардум хабарҳои муҳимтаринро аз «занакҳои лаби об» мефаҳманд: чӣ таъиноти ояндаи вазирон бошаду чӣ қудобозиву қудошавии калонҳо ва ё... ба мор табдил шудани зане дар кадом ноҳияе. “Пешгӯӣ” -и зилзилаи даҳшатноке, ки чанде пеш қариб тамоми кишварро як шаб берун аз ҷойхоб, ба кӯча бароварда буд, ҳамчунин аз нақши муҳими ин “воситаи ахбор” дар ҳаёти ҷомеъа гувоҳӣ медиҳад.

“Аммо, баъд...” (чӣ хеле, ки имомхатиби мо баъди салавоту дуруд ба паёмбарон ва мадҳу санои тӯлониву дароз ба сарварони кишвар, сипас зикри ҳатмии корнамоиҳои раиси ноҳия вале қабл аз оғози мавзӯи аслӣ, мегӯяд)
... агар ҷиддӣ гап занем, мани шаҳрӣ хабарҳои охиринро оиди масоили ба истилоҳ, «мубраму муҳим», аз сӯҳбатҳои деҳотиён, ки ҳар сари чанд вақт ба аёдаташон меравам, меҷӯяму онҷо меёбам.

Ба дақиқии суханҳои онҳо, дар баробари сарфакоронаву хирадмандона истифода бурдани захираву тавоноиҳои кориашон, аз ҳамон роҳравҳои сӯи масҷид, ки аз сангпораву хиштпораи нокораи андозаашон расо баробари як паи пой сохта шудааст, метавон баҳо дод (ҳикмати дигари ин роҳравҳо боз тарбияи чолокӣ низ мебошад: каме беэҳтиётӣ ки кардӣ лағжида даруни лой меравӣ, яъне инҷо ҳаёт худ муаллим аст). Ташнобҳояшон бошад-ку қуллаи сарфакорӣ : девори нимтамому нимгаштагии аз миён камакак баланд; як қисмаш анбори тапаку анҷомхонаи белу каланд; ҳарчанд иҷозати истифодаи қоғаз тавассути ҳоҷиёну саёҳон кайҳо боз аз кишварҳои арабӣ омада бошад ҳам, инҷо одатан , ҳамон кулӯхпораҳои бобогии ...хотираҳо; қоғази махсус барои ҳоҷатхона? Барои ин аввал бояд хонаи сеошёна бисозӣ! Газета? Газета ин ҷо нақши муҳимтаре дорад, масалан, барои «таҳ аловӣ», яъне, дастёр ба тапак.

Қариб ҳар яке аз деҳотиён таҳаллус ва ё лақабе дорад: ба ҳама маълум ва таҷассумгари хислатҳои умдаи онҳо-бар хилофи шаҳриҳои пӯшидаву дар худ баста ва пурмуаммо.

Боз аз мавзӯъ каме гӯё дур шудем-чӣ?
Хуш, инак, ман дар масҷиди деҳа, баъди намози шом бо ҳамдеҳагон аз “додагии худо” тановул мекунем ва аз зиндагиву навигариҳо - сӯҳбат. Мисли ҳамарӯза инҷо палави бо гӯшту тухм ҳам ҳасту обпиёбаи бо нахуд ҳам. Ва албатта, аз иштиҳову одоби болобудагиҳо вобаста аст, ки ба поён будагиҳо аз таъоми гушту равған чӣ қадар мерасад.

Ба печкаи азими масҷид , ки болояш ҳамеша ягон 15 чойҷӯшу офтобаи дар ҳолати “стэнд бай” , яъне “омодабош” гузошта шудааст, шоху чӯб партофта, ҳоло, ки то “лимит”-и барқу намози «хуфтан» вақт ҳаст, оромона аз ину он сӯҳбат мекунем.

Хона, ки торафт гармтар мешавад, ҷоғҳои моро низ андак андак метасфонад. Ҳамин асно буд, ки касе гуфту ман шунидам, ки Президент дар кадом ҷаласае ва ё вохӯрие, баъди интихоботи охирин, гуфта будааст: «Барои Шумо ду «Сюрприз» и калон дорам, ва онро ба наздикӣ, дар арафаи Соли нав мегӯям ».
Дигар баъди ин, ҳама, ана , шурӯъ карданд ба тахмину рақам задане!

«Чӣ мешуд, ин ҳамон Газу Нефт аст, ки Узбекистон шурӯъ аз соли нав моро ба пуррагӣ таъмин мекунад. И. Каримов дар вохӯрии охирин иқрор шудааст, ки хеле иштибоҳ карда будааст ва аз ин ба баъд дигар беташвиш, чӣ қадаре, ки лозим бошад, газу бензин барои шумо аз тарафи мо бо тахфифи 30% интиқол дода мешавад, гуфтааст» -мегуфт Мамарасули тахаллусаш -«Старекс»
«Не, ин чи «сюрприз» будааст, «сюрприз» он аст, ки мо нафту гази худро пайдо кардаем. Аз ин ба баъд мо -Кувайту Дубай. Мардикорҳои «Гастарбайтер» қабул карда, худамон-хоб, хӯрда мегардем! Ана ҳаминро дар арафаи Соли нав расман эълон хоҳанд кард!

Ба гастарбайтерҳои худамон, ки мардонавор таи чанд сол иқтисодиёту будҷаро ҳифз кардаанд, ба ҳар кадомашон қабул кардани ду баробар зиёди Гастарбайтерҳои хориҷиро иҷоза медиҳанд. Дар мамлакатҳои «сернефт» таҳҷоиҳо ба мардикорони хориҷӣ пулакӣ «лисензияву патенту регистратсия» дода ҳама бой мешаванд, ана ҳамин хел!»- ба Мамарасули «Старекс» розӣ намешуд Исмати «Безопасност», ки дар замони шӯравӣ дар идораи коммуналие дар шаҳр, барои роҳрӯбҳо ва кабудизоркунҳо ба сифати «Инженер по безопасности труда» кор мекарду акнун вазифааш ихтисор шуда то ба ҳол «ба ихтисоси худ» коре ёфта наметавонад.

Аммо вақте, ки Раҷаби «Аналитик-Таҳлилгар» ба сухан даромад, ман афсӯс хӯрдам, ки бо худ диктофон надорам то ӯро сабт кунам. Суханрониҳои ӯ, ки солҳои шӯравӣ инструктори райком шуда кор кардааст, ҳамеша ба як таҳлили сиёсӣ монанданд.

«Масъалаи асосӣ ин масъалаи Замин аст ва «сюрпризҳо» ҳам бояд ба он рабт дошта бошанд. Ба фикри ман замин то ба ҳол соҳибашро наёфтааст.
Ҳарчанд 2 ва ё 3 бор ислоҳоту тағйирот, изофаву илова ба қонуни замин карда бошанд ҳам. Ҳоло боз заминҳои қобили коркард ва ҳосили хуб дар дасти мардуме мебошад, ки маблағи коркарди онро надорад. Ҳоло мо боз ба сари ҳамон масъала баргаштаем. Дар мо аз як ҷониб иқтисоди бозорӣ ҳукмфармосту аз тарафи дигар заминро фурӯхта ва ё ба гарав монда намешавад. Манзилҳои истиқоматӣ, ки ҳамчун объекти хариду фурӯш эътироф мешаванд, аллакай дар бозоранд, дар гардишанд. Қисми зиёди мардум хонаҳояшонро гарав монда аз бонкҳо қарз гирифтаанд ва ин мутобиқи қонуни бозор аст. Акнун навбати замин расидааст- агар замин ҳам моликияти хусусӣ эътироф шавад, медонед, ки ин мисли ба бозор ворид кардани миллиардҳо сомонии иловагӣ мешавад. Албатта бисёриҳо заминашонро аз даст медиҳанд, лекин ба ҳар ҳол ин ба ҳама боз як имконияте мешавад, то худро бисанҷанд. Ба фикри ман «Сюрпризи 1» ин пурра моликияти хусусӣ эълон ва эътироф кардани заминҳои наздиҳавлигӣ мебошад. «Сюрпризи 2» ин тақсими тамоми замин ба ҳамаи шаҳрвандон дар ҳаҷми баробар, ҳамчун моликияти хусусӣ. Масалан ба ҳар як оила 1га дар шакли ягон қоғаз. Сипас қитъаҳои заминро давлат ба савдои музояда мебарорад. Мардуми пулдор аз дигарон қоғазҳои 1 гаиро харида, сипас дар ин музояда аз давлат замин мехаранд. Касе дигар аз беадолатӣ шикоят намекунаду замин соҳибкори худро меёбад».

Албатта на ҳама фикру мантиқи ӯро мефаҳмидем, лекин гӯё бо далелу факт гап мезад...

Сафари «Камаз» бошад мегуфт, ки «Сюрприз » и асосӣ ин бекор кардани роҳҳои пулакӣ мебошад.

Камоли «Таксӣ» мегуфт, ки Президент «тараҳҳум карда» камераҳои «Шаҳри бехатарро» мебардорад ва ё амнистияи ҷаримаҳои то имрӯз қайд шударо эълон мекунад.

Аз тахминҳои ҷиддӣ боз ризоияти Ӯзбакистон ба сохтмони Роғун ва сафари бидуни раводид ба он кишварро қайд кардан мумкин буд.

Дилшоди «Коммерсант», ки аз фориғболону осудаҳолони деҳа буд озодкунии З. Саиду, Ёқуб Салимов ва Ғ. Мирзоевро зикр кард.

«Гурусна нон хоб мебинад ва ё гуруснае ба моҳ нигариста гуфтааст, ки хеле ба нон шабоҳат дорад» ва ин буд, ки бисёриҳо аз байн бурдани «лимит»- и барқро орзӯ мекарданд.

Бояд гуфт, ки Собири «Туберкулёз» (ӯро барои нохушбинӣ ва ноқаноатмандии мудомаш чунин меномиданд),
«Кулли явмин бадтар гуфтаанд», «Сюрпризҳо» ин боз «Антисюрприз набошад», яъне боз андозҳои наву, роҳҳои бештари пулакӣ!

Бо вуҷуди баҳсу мунозираи зиёд ҳама ба як хулосаи муҳим ва хеле хирадмандона омадем, ки вақт худаш ҳақикатро собит мекунад, чунки соли нав дур не, пушти дар асту Президент ҳам- чи хеле, ки мо дар рӯзҳои интихобот «Мо бо шумоем , ҷаноби олӣ!» мегуфтемПрезидент, ӯ ҳам, бо мост ку!

Қаландаров Ҳафиз

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG