Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қоҳира дар таркиши автобусе 5 нафар маҷруҳ шуданд


Мақомоти амниятӣ мегӯянд, ки дар Қоҳира-пойтахти Миср дар таркише дар автобус 5 нафар маҷруҳ шудаанд. Бино ба гуфтаи мақомот, ин таркиш рӯзи панҷшанбе дар минтақаи Насри шаҳри Қоҳира рух додааст. Сабабҳои таркиш маълум нест, вале мегӯянд, ки касе аз берун маводи таркандаро ба сӯи автобус ҳаво додааст ва ё он дар наздикии автобус кор гузошта шудааст.

Ин мақомои амниятӣ нахостааст аз худ ном барад, зеро онҳо ҳақ надоранд бо матбуот сӯҳбат кунанд. Аз моҳи июли соли ҷорӣ, аз замоне, ки низомиён Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури исломгарои Мисрро аз мақом барканор карданд, барои силсилаи ҳамлаҳо тундравҳои исломиро гунаҳгор медонанд.
XS
SM
MD
LG