Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина аз Русия 12 миллиард доллари дигар мегирад


Азаров дар мулоқот бо Путин, 24 декабр, Маскав
Азаров дар мулоқот бо Путин, 24 декабр, Маскав
Рӯзи чаҳоршанбе Микола Азаров-нахуствавзири Украина гуфт, ки дар оғози соли 2014 кишвараш барои раҳоӣ аз вазъи душвори иқтисодӣ аз Русия 12 миллиард доллар кӯмак хоҳад гирифт. Рӯзи сешанбе Украина 3 миллиард доллар аз ин кӯмакҳоро дарёфт кард.

Ҳафтаи гузашта Русия ва Украина ба тавофуқ расиданд, ки Маскав ба Киев дар ивази авроқи қарз ё баҳодори ҳукумат 15 миллиард доллар хоҳад дод. Украина ба 10 миллиард доллар ниёз дорад, то иқтисоди худро пеш барад.

Русия ин кӯмакҳоро ба Украина пешниҳод кардааст ва ҳамчунин қавл додааст, ки нархи фурӯши газро аз се як ҳисса кам мекунад. Русия бо ин кор мехоҳад Украинаро зери нуфузи худ нигоҳ дорад ва аз Иттиҳодияи Аврупо дур кунад.
XS
SM
MD
LG