Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаи Гулнора Каримоваро "ишғол карданд"


Гурӯҳе аз дигарандешони узбак дар Швейтсария бе иҷоза дар хонаи боҳашамати Гулнора Каримова, духтари раиси ҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов сокин шудаанд. Сафар Бекҷон яке аз онҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯву чаҳор нафари дигар аз рӯзи душанбе дар хонаи Гулнора Каримова дар Женева иқомат доранд. Сафар Бекҷон афзуд, ки ҳадафи онҳо ҷалби таваҷҷӯҳ ба ин масъала аст, ки чӣ гуна хонаводаи раиси ҷумҳур пули зиёдеро барои ин хонаи холӣ харҷ мекунад. Ба иттилои матбуоти Швейтсария, Гулнора Каримова ҳавлии мазкурро соли 2009 тақрибан 18 миллион доллар харидааст. Сафар Бекҷон гуфт, ки пулиси маҳаллӣ рӯзи душанбе ба хона омада,вале ба онҳо кордор нашудааст. Ба қавли ӯ, танҳо бо ҳукми додгоҳ метавонанд, онҳоро аз ин хона берун кунанд. Дигарандешони узбак дар пеши ин хона лавҳеро овехтаанд, ки дар он омадааст, “Ин ҳавлӣ ба духтари диктатор Каримов тааллуқ дорад.” Сафар Бекҷон нагуфт, ки ӯву ҳамроҳонаш то кай дар ин хона мемонанд.
XS
SM
MD
LG