Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Овозхонҳои Пусси Райот бо ҳам мулоқот карданд


Овозхонҳои раҳошудаи гурӯҳи баҳсбарангези Пусси Райот дар Русия дар фурудгоҳи шаҳри Красноярск бо ҳам вохӯрда ва нақшаҳои ояндаашонро баррасӣ кардаанд. Надежда Толонконникова ва Мария Алёхина баъди афв ва озод шуданашон дар рӯзи душанбе ҳамдигарро диданд. Ин ҳардуро барои овозхонӣ дар дохили як калисое дар Маскав дар моҳи феврали соли 2012 бо гуноҳи авбошӣ ба 2 соли зиндонӣ маҳкум карданд. Пётр Верзилов, шавҳари Надежда Толоконникова ба хабарнигорон гуфт, ҳарду духтар қасд доранд, рӯзи 26 декабр ба Маскав омада ва рӯзе баъд аз он нишасти хабарӣ баргузор кунанд. Толоконникова баъд аз раҳоиаш аз зиндон гуфт, ки мехоҳад, барои ҳимояти ҳуқуқи зиндониён дар Русия кор кунад.
XS
SM
MD
LG