Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаҳо дар Ироқ 47 нафар кушта шуданд


Дар силсилаи ҳамлаву бомбгузориҳо дар Ироқ рӯзи душанбе дасти кам 47 нафар кушта шуданд. Хунинтарин ҳамла дар шаҳри Мосул сурат гирифт, ки дар онҷо тундравон 12 мусофири як автобусро куштанд. Панҷ мошини бомбгузоришуда ва бомби магнитии насбшуда дар як мошини дигар дар дохилу атрофи пойтахт шаҳри Бағдод таркида 17 нафарро куштанд ва дасти кам 43 тани дигарро маҷрӯҳ карданд. Дар як даргирӣ дар шаҳри Тикрии ҳашт нафар ба шумули маъмурони амниятӣ ҳам кушта шуданд. Дар шимоли Ироқ як марди мусаллаҳ ҳашт зойири шиамазҳабро ҳалок кардааст. Ба гуфтаи Созмони Милали Муттаҳид дар муноқишаҳои мазҳабӣ дар Ироқ имсол бештар аз 8 ҳазор нафар ҷон додаанд.
XS
SM
MD
LG