Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барқ ашёи умдаи содиротии Тоҷикистон будааст


Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон пушгӯии вазъи иқтисоди кишвар барои соли 2014-ро ба нашр расонд.

Пешгӯие, ки сатҳи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ, ҳаҷми таварруми пули миллӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва ин қабил нишондиҳандаҳои иқтисодиро барои соли 2014 пешбинӣ мекунад. Пешбиние, ки пушти мафҳумҳои душворфаҳми он вазъи воқеии зиндагии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон нуҳуфтааст.

Чизи муҳиме, ки аз ин пешбинӣ ба чашм мерасад, ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳамакнун ният дорад содироти барқро нисбат ба соли ҷорӣ 4,5 дарсад боло бурда, солона ба 700 миллион/киловатт соат расонад. Агар дар солҳои қаблӣ давлати Тоҷикистон бештар пахтаву аллюминийро чун маводи аслии содиротии кишвар муаррифӣ мекард, аммо акнун дида мешавад дар ҳуҷҷатҳои расмие чун ин пешбинии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ба барқ чун маводи аслии содиротӣ авлавият дода мешавад. Харидорони аслии барқи Тоҷикистон ҳамсоякишварҳои Афғонистон ва Покистон номбар мешаванд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:21 0:00
Линки мустақим


Авлавияти ҳукумат ба афзоиши содироти барқ мардумро, ки дар сардтарин фасли сол аз набуди барқ азият мекашанд, хушҳол намекунад. Аммо Файзиддин Қаҳҳоров, раҳбари раёсати таҳлили макроиқтисодӣ, ояндабинӣ ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдо мегӯяд, давлати Тоҷикистон дар назди шаҳрвандон як зумра ӯҳдадориҳои иҷтимоӣ ба мисли нафақаву ёрдампулӣ дорад, ки барои пардохти он бояд ба будҷаи кишвар аз ягон ҳисоб даромад шавад: «Мо низ ҳавасманд нестем, ки дар зимистон қувваи барқро ба хориҷ содир кунем. Аммо вақте имкон дорем, чаро содир накунем? Ин як манбаи даромад аст ба будҷети кишвар барои иҷро намудани ӯҳдадориҳои иҷтимоии давлат дар назди мардум».

Ҳамзамон бояд гуфт, тибқи пешбиниҳои ин вазорат, нархи барқ барои аҳолии Тоҷикистон дар соли оянда 13, 6 дарсад боло бурда мешавад. Яъне, агар ҳоло аҳолӣ барои як киловатт/cоат барқ 11 дирам пардохт кунанд, пас дар соли оянда бояд ҳудуди 12, 35 дирам пардохт кунанд. Ҷаноби Қаҳҳоров афзуд, пешбинии иқтисодӣ ҳуҷҷати хеле муҳим аст ва дар асосии таҳлилҳои мутахассисони ҳамаи вазорату ниҳодҳои давлатӣ таҳия мешавад ва бар пояи он будҷаи кишвар барои соли оянда тартиб дода мешавад.

Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ.
Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ.
Аммо Шодӣ Шабдолов, узви Кумитаи энергетика ва саноати парлумон мегӯяд, он барқе ки мақомоти Тоҷикистон ният доранд ба хориҷ содир кунанд, умдатан дар фасли тобистон рост меояд: «Чун Узбакистон аз системаи ягонаи барқии Осиёи Миёна берун шуда, дар фасли тобистон дар кишвар барқи аз ҳад беш истеҳсол мешавад, ки дар Тоҷикистон он харидор надорад. Аммо дар Афғонистону Покистон ба ин барқ эҳтиёҷ доранд ва мо тобистон ба ин кишварҳо барқ медиҳем. Албатта афғонҳо мехоҳанд, ки мо дар фасли сармо ҳам ба онҳо барқ диҳем, аммо мо чунин имконият надорем».

Нуктаи муҳими дигар, ки дар ин ояндабинӣ мехонем, ин аст, ки давлат ният дорад дар соли беш аз 126 ҳазор ҷои корӣ фароҳам орад. Аммо дар ҷадвали муқоисавии он мебинем, ки гӯё дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 114 ҳазор ҷои корӣ фароҳам шуда бошад. Вале коршиносони мустақил ба дурустии ин омор шак доранд ва мегӯянд он мантиқӣ нест .

Исмоил Раҳматов, коршиноси тоҷик мегӯяд: «Тибқи оморҳое, ки Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон нашуру пахш мекунад, ҳар сол муҳоҷирати корӣ аз кишвар бештар мешаваду кам не. Масалан, худи ҳамин сол ба иттилои ин хадамот 700 ҳазор нафар кишварро ба қасди муҳоҷирати корӣ тарк кардаанд. Пас дар куҷо ҳастанд ин ҷойҳои корӣ ва киҳо дар он ҷо кор мекунанд. Дар ин ҷо номувофиқатӣ баръало зуҳур мекунад».

Аммо Файзиддин Қаҳҳоров мегӯяд, давлати Тоҷикистон ба соҳибкорон дар солҳои охир бисёр сабукиҳои андозӣ дода, воридоти технология навро аз боҷӣ гумрукӣ озод кард. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, соҳибкорон бояд ин ҷойҳои кориро созмон диҳанд ва ин рақамҳои воқеӣ ҳастанд, на ҳавоӣ.

Дар ҳамин ҳол ҷаноби Шабдолов мегӯяд, фаразан ҳамин миқдор ҷойи корӣ агар дар Тоҷикистон фароҳам шавад ҳам, он маоше, ки дар он ҷо ба коргарон медиҳанд, хеле ночиз аст ва ҷавонон боз ҳам онро тарк мекунанд. Чунки ба гуфтаи Шодӣ Шабдолов, он маоше, ки кӯчарӯбу аробакаш дар Русия мегирад, даҳҳо бор аз маоши ин ҷойҳои кори расмӣ дар Тоҷикистон болотар аст.
XS
SM
MD
LG