Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби қарзи нави Бонки Исломии Рушд ба Тоҷикистон


Порлумони Тоҷикистон созишномаи қарзӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки исломии Рушдро тасвиб кард.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 11-уми декабр зимни муаррфии ин санад дар иҷлосияи Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон гуфт, "ки ин созишнома маблағи 2, 4 миллион долларро ташкил медиҳад ва барои беҳтар кардани хадамоти таъмин кардани аҳолии шаҳри Душанбе бо оби ошомиданӣ ва барқарории соҳили рудхонаи Кофарниҳон дар назар гирфта шудааст."

Ҷаноби Нуралиев афзуд, ки "ин маблиғи қарзи дарозмуддат буда ва муҳлати баргардонидани қарз 25 сол аст."

Ба гуфтаи муовини аввали вазири молия ҳоло дар Тоҷикистон 9 лоиҳаи муштараи сармоягузорӣ ба маблағи 134 миллион доллар мавриди иҷро қарор дорад.
XS
SM
MD
LG