Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаландарҳо: «Ошиқони Худо» ё дарюзаҳои овора


Дар Тоҷикистон дар бораи яке аз тоифаҳои мармӯзи тасаввуф то ҳол пажуҳише анҷом нашудааст

…Ҷандапӯше бо мӯйҳои дарози ҷулида, каҷкӯле ҳамоил дар бар ё дар гардан, асое дар даст, зикре ё байте дар забон, овораву дарвеше, ки маҷнунвор рӯ ба дашту доман дорад. Ҳатто касоне, ки бо қаландарҳо боре рӯ ба рӯ нашудаанд, онҳоро ҳамин гуна тасвир мекунанд. Афроди огаҳ мегӯянд, ки қаландарҳо то ҳадде аз зиндагӣ канор уфтодаанд, ки барояшон чӣ гуна ё аз кадом роҳ пайдо кардани як пора нон муҳим нест, яъне «гӯр сӯзаду деги қаландар ҷӯшад». Иддае онҳоро қаноатпеша мехонанд ва ба масали маъруфи «Як мавизро чиҳил қаландар хӯрдааст» ишора мекунанд. Аз нигоҳи як гурӯҳ, қаландарҳо ҳамон дарвешҳо аз китоби маъруфи «Чаҳор дарвеш»-анд. Вале бархе мутмаинанд, ки қаландарҳо афроди аз кор безору дарюза ё мубталои маризиҳои рӯҳиянд.

Ба иттилои “Фарҳанги забони тоҷикӣ”, “қаландария – тоифае дар тасаввуф аст, ки пояи таълимоти онҳоро тарки расму русуму одоби ҷорӣ – беқайдӣ дар тоату ибодат, дар либосу таом ва кӯчиёна умр ба сар бурдан ташкил медиҳад. Онҳо қаландархона ё хонақоҳи қаландаронро доранд, ки он ҷо зиндагӣ мекунанд ва маросимҳои худро ба ҷо меоварданд”.

ҚАЛАНДАРҲО ПАЙРАВОНИ ДИОГЕНАНД?

Комил Бекзода, донишманди тоҷик мегӯяд, ки қаландарҳо дар пайравӣ ба файласуфи бузурги Юнони бостон Диоген, ҳамоне Диогене, ки даруни хум ба сар мебурд, арзи вуҷуд кардаанд. «Аммо онҳо ошкоро намегӯянд, ки пайравони Диогенанд, зеро юнониҳо аҳли куфр маҳсуб мешуданд, ҳарчанд моҳияти таълимоти худро аз юнониҳо гирифтаанд». Ба гуфтаи ӯ, ҳатто вожаи «қаландар» аз «календариус»-и юнонист.

Донишманди тоҷик меафзояд, тасаввуроти ночизи мардум дар бораи қаландарҳо ба ин далел аст, ки то ҳол дар Тоҷикистон дар бораи ин тоифа ягон таҳқиқоти арзишманд анҷом нашудааст. Ба гуфтаи Комил Бекзода, «фақат замони шӯравӣ як нафар бо насаби Сафаров дар бораи эшонпарастӣ китобчае чоп карда ва дар он суфиҳои қаландар ва ғайриқаландарро зикр карда буд. Дар бораи қаландарҳо фақат олими турк Гул Пинорли дар китоби «Маломатиён» иттилоъ додааст ва аммо дар ин пажуҳиш ҳам ӯ аз андешаи исломӣ дифоъ карда ҷасоратмандона ва ошкоро дар бораи решаҳои қаландария ҳарф назадааст. Аммо аз андешаҳои ин донишманд ҳам бармеояд, ки қаландарҳо тақлидгарони ҳамон Диогени калбиянд». Зимнан, меафзояд Комил Бекзода, даруни хум ваё дар кӯчаву паскӯчаҳо зиндагӣ кардани пайравони Диоген аз фақирии онҳо набуд, ин андешаи фалсафии онҳо буд,

Вале Махсуми Исмоили Пирмуҳаммадзода, донишманди илми фиқҳ, қаландарҳоро «Ошиқони Худованд» мехонад. Аз нигоҳи ӯ, қаландарҳо афроданд, ки тарки ин олами фонӣ кардаанд ва ин гуна шиор дорад – «Рӯ бигардон ту ба сӯи Кирдугор, Мо кием? Эй хоҷа аз мо даст дор!». Ба гуфтаи донишманд, қаландарҳо пайваста аз Парвардигор талаб мекунанд, ки «Даруни хоки ман шамъе барафрӯз, ки на дар шаб фурӯ мирад, на дар рӯз».

Ӯ меафзояд «агар кас вориди дунёи онҳо шавад, мебинад, ки ин олами «муту қабл-ал-мавт» аст, яъне онҳо пеш аз марг мурдаанд. Ин дунё дар назари онҳо ҳеҷ аст. Қаландарҳо дар тасаввуф дар назар ҳарчанд чун гадоянд, аммо подшоҳеро мемонанд, чизе надоранд, аммо мақомашон баланд аст. Як бузурги дигар гуфта буд, «Бехонумон надорад, чизе ба ҷуз Худой, Ӯро гадо магӯ, ки султон гадои ӯст».

Ба гуфтаи донишманд, бархе аз бузургони шеъри Аҷам – Бедил, Аттор, Саноиро низ метавон қаландар номид, аз ҷумла, агар ба ашъори Бедил амиқ бингарем, мебинем, ки саропо қаландарона аст. Махсуми Исмоили Пирмуҳаммадзода, аз мулоқоташ бо марде ёдовар шуд, ки донишманд ва муҳаққиқи осори Бедил будааст ва шояд ашъори ин шоири бузург ӯро қаландар карда буд. Ҳоҷӣ Исмоил мегӯяд, бо ин мард ҳангоми таҳияи осори Бедил барои Хазинаи тиллоии Радиои Тоҷикистон дар гузаргоҳи зеризаминии фурӯшгоҳи марказии Душанбе ошно шуда буд. «Ӯро дидам, як қаландари ҳозиразамон буд ва рӯи замин нишаста рӯзнома мефурӯхт… Вақте худро муаррифӣ кардам, ӯ гуфт, ки «шумо ҳоҷӣ ва ин қадар инсони бузург будаед, мо як одами хокиям», ва вақте номашро пурсидам, посух дод, ки «мо ном ҳам надорем…»

ҚАЛАНДАРҲО ДАР ТОҶИКИСТОН БОҚӢ МОНДААНД!

Дар бораи теъдоди қаландарҳо дар олам ва дар кишваре расман сабти ном шудани гурӯҳе аз қаландарҳову дарвешҳо иттилое зери даст нест. Гуфта мешаванд, ки қаландарҳоро имрӯз баъзан дар Ҳиндустону Афғонистон метавон вохӯрд. Комил Бекзода мегӯяд, ки қаландарҳо дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон ҳастанд, вале онҳо худро ошкор намекунанд, шояд ба он хотир, ки солҳои шӯравӣ талошҳое барои комилан нобуд сохтани онҳо сурат гирифта буданд. Бо вуҷуди таъқибу террор, ба гуфтаи файласуфи тоҷик, "чанд нафар аз онҳо боқӣ мондаанд ва ҳоло ҳам ҳастанд". «Ман шахсан як қаландарро, ки ҳамеша дар сар кӯлоҳи хасин ва калушу маҳсӣ дар пой ва як борхалтаи аскарӣ дар пӯшташ дошт, то ҳамин солҳои ахир гоҳ-гоҳ медидам… Ва чанд нафари дигар ҳам буданд, ки худро ба девонагӣ мезаданд, то онҳоро нашиносанд. Яъне онҳо буданд ва ҳоло ҳастанд, вале на ба ҳайси як табақа ё синф, балки ҳамчун афроди алоҳида…»-мегӯяд донишманди тоҷик.

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода ҳам то ҳол дар Тоҷикистон боқӣ мондани қаландарҳоро байид намедонад ва ёд меоварад, ки айёми ҷавонияш дар минтақаи Кӯлоб бо яке аз қаландарҳо борҳо ҳамнишин шуда буд. «Як девонаи Ашӯр буд, ки фармудаҳои аҷоиб доштанд, аз ҷумла, мехонд, ки "Назаре ба сӯи худ кун, Ки ту ҷону дил рабоӣ, Мафикан ба хок худро, Ки ту аз баланд ҷойӣ! Ту зи чашми худ ниҳонӣ, Ту камоли худ чӣ донӣ? Чу дурр аз садаф бурун ой, Ки ту бас гаронбаҳоӣ!» Машъааллоҳ кашида мехонданд! Мардум атрофаш ҷамъ мешуданд, гиря мекарданд ё табаррук мехостанд, вале он касро шиор чунин буд, ки «Аз мо рӯ бигардонед, рӯ сӯи Парвардигор биёваред. «Мо кием, эй Хоҷа, аз ман даст дор!»-гуфта бо гардани каҷ ба мардум рӯ меовард».

Ҳоҷӣ Исмоил мегӯяд, ки падараш Махсуми Санги Кулула ба ин қаландар муҳаббату эътиқоди зиёд дошт ва ӯро навозиш мекард ва «девонаи Худо» ва «Ошиқи Худо» меномид. Ба гуфтаи ӯ, қаландарҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ бо афроди бехонумон ё бомжҳои имрӯз, ки бо либоси даридаву дарбеҳшуда ва мӯйҳои жулида дар шаҳр гашта гадоӣ мекунанд, набояд қиёс кард.

НА ПАЙРАВИ МАЛОМАТӢ ВА НА АҲЛИ НАҚШБАНДИЯ?

Дар мавриди пайрави кадом равия дар дини ислом будани қаландарҳо ақидаҳои гуногун мавҷуданд. Бархе аз пажуҳишгарон онҳоро аҳли тасаввуф, аз ҷумла, пайравони Нақшбандия мехонанд, иддае бошад онҳоро ба равияи Маломатия мансуб медонанд. Маломатия аз ҷараёни мазҳабиест, ки дар қарни 9 дар Хуросон арзи вуҷуд кардааст. Бар пояи ин таълимот, маломатӣ бояд ҳама фикру зир ва талоши худро барои ҳифзи маърифат равона кунад ва ба ин хотир дили софу нияти пок дошта бошад. Вале, тавре дар Энсиклопедияи советии тоҷик (ҷилди 4, саҳифаҳои 171-172) омадааст, маломатиҳо «бояд зоҳиран худро акси ботин нишон диҳанд», «… аъмолу кореро иҷро кунанд, ки боиси сарзаниш ва накуҳиши мардум шаванд», «…тамоми хислатҳои некӯ ва фазилати онҳо барои дигарон бояд сирри нуҳуфта бошад». Гуфта мешавад, «барои ба маломат ва накӯҳиши мардум мувоҷеҳ шудан, аҳли маломат ба гадоӣ, саққоӣ, хоркашӣ ва ҳезумфурӯшӣ мепардохтанд».

Мухолифини ақидаи пайрави Маломатия будани қаландарҳо мегӯянд, ки маломатиҳо, дар фарқ бо қаландарҳо, аз кор парҳез надоштанд ва кӯшиш мекарданд, ки аз ҷиҳати либос бо мардум фарқ накунанд. Маҳз ба ҳамин
далелҳо Аҳмадхоҷа Маҳмадхоҷаев, узви вобастаи АУ Тоҷикистон ва муҳаққиқи тасаввуф, пайрави Нақшбандия будани қаландарҳоро ҳам рад мекунад. Ӯ мегӯяд, ки “охирҳои қарни 19 ва ибтидои қарни 20 қаландарҳоро пайравони Нақшбандия мехонданд, вале аҳли Нақшбандия зикри ҷаҳриву қаландарӣ надоштанд. Аз тарафи дигар, барои Нақшбания гадоиву дарюзагариву зикри ҷаҳрӣ комилан бегона аст - онҳо мегӯянд, ки “даст ба кор дил ба ёр!”, яъне, ҳар кас бояд кор кунаду ҳамзамон Худоро фаромӯш насозад! Пайравони тариқати Нақшбандияи тасаввуф ҳамагӣ соҳиби касбу коранд ва мардумро барои бо заҳмат як пора нон ёфтан таблиғ мекунанд. Аммо қаландарҳо зикри ҷаҳрӣ мекарданд, яъне бо овози баланд зикр мекарданд”. Ба гуфтаи донишманд, “ба зикри ҷаҳрӣ ё зикри арра Аҳмади Ясавӣ машғул буд, пайравони Нақшбандия, ки аз Абдухолиқи Ғиждувонӣ, шарикдарси Аҳмади Ясавӣ ибтидо мегиранд, зикри хафӣ доштанд”.

Пажуҳишгарон мегӯянд, ки ёдгориҳои таърихии қаландарҳо дар Осиёи Марказӣ зиёд нестанд. Дар шаҳри Хиваи Ӯзбакистон дар канори мадрасаи маъруфи Бикаҷон Бика, дар маркази оромгоҳи қадима, мақбараи Шоҳқаландар Бобо мавҷуд аст. Бар пояи маъхазҳои таърихӣ, Шоҳ Қаландар Бобо ё Шайх Қаландар Бобо ҳамроҳ бо ду бародари қаландараш ба Хива омада он ҷо макони охират пайдо кардааст.

Абдулвоҳид Шамолов, доктори илми фалсафа мегӯяд, ки замони вуруди болшевикҳо ба ҷануби Тоҷикистон малангҳо - гурӯҳе аз қаландарҳо ба ҷанг алайҳи онҳо бархоста буданд. Ба гуфтаи ӯ, авлоди малангҳо ҳанӯз ҳам дар минтақаи Кӯлоб боқӣ мондаанд.

Зимнан, Қаландар яке аз номҳои маъруф дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон ва дар Афғонистон маҳсуб мешавад. Вале, ба гуфтаи Абдулвоҳид Шамолов, чунин номгузорӣ ба дигар далел аст – аксар вақт волидайн ҳангоми маризии сахти тифл номи ӯро ба исмҳои Қаландар ё Гадо иваз менамуданд, яъне фарзанди худро аз Худованд гадоӣ мекарданд. Мардум то ҳол миёни вожаҳои “қаландар”, дарвеш” ва “гадо” фарқе намегузорад...
XS
SM
MD
LG