Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созишномаи қарзии Ассосиатсияи рушд бо Тоҷикистон


Порлумони Тоҷикистон созишномаи қарзӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Асосиатсияи байналмилалии рушдро тасвиб кард, ки ҳадаф аз ин санад беҳтар кардани хадамоти беҳдоштӣ барои мардуми Тоҷикистон аст.

Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 5-уми декабр ин созишномаро ба баррасӣ гирфта ва бо орои аксарияти вакилон тасвиб шуд.

Созишномаи қарзӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Асосиатсияи байналмилалии рушд барои беҳтар кардани хадамоти беҳдоштӣ дар Тоҷикистон моҳи сентябри соли ҷорӣ ба маблағи 23 миллион доллар ба имзо расида буд, 15 миллион аз ин маблағ аз суи Асосиатсияи байналмилалии рушд ва 3, 2 миллион доллар тавассути ҳукумати Тоҷикистон ҷудо мешавад.

Лоиҳаи беҳтар кардани хадамоти беҳдоштӣ 1 миллион ҷамъияти Тоҷикистонро фаро мегирад ва бештар дар манотиқи ҷануб ва шимол, яъне навоҳии вилояти Хатлон ва Суғд маврид иҷро қарор мегирад.

Ҳамчунин дар чорчуби ин лоиҳа баланд бардоштани тахассуси 800 тан аз табибон ва ҳамшираҳои шафқат барои ироаи кумаки аввалия дар назар аст.
XS
SM
MD
LG