Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати корҳои дохилӣ бо пахши як баёния корманди ин ниҳод будани Мансур Холмуродовро, ки аз тарафи кормандони КДАМ дар Суғд зимни қочоқи 11.5 кг ҳашиш, дастгир шуда буд, рад кардааст

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон субҳи 6-уми декабр бо пахши як баёния таъкид кард, то авоили моҳи марти соли равон Мансур Холмуродов ба ҳайси ваколатдори калони оперативии ҷустуҷӯии Раёсати ВКД фаъолияти доштааст, аммо бинобар мунтазам вайрон намудани интизом ва хусусан ғайриқонунӣ беш аз се соат нигоҳ доштани як сокини кишвар, дар таърихи 29-уми марти соли ҷорӣ аз мақомоти корҳои дохилии озод карда шудааст.

Ин дар ҳолест, Бахши робита бо ҷомеаи Кумитаи амнияти миллӣ дар Суғд бо пахши як гузориши махсус ба воситаи телевизионҳои маҳаллӣ дар бораи боздошти Мансур Холмуродов, капитани ВКД хабар дода буд. Бар пояи ин гузориш, кормандони раёсати амният бо роҳандозии амалиёт ахиран дар ноҳияи Шаҳристон аз автомобили “Ҳонда Аккорд”, мутааллиқ ба капитани умури дохилӣ - Мансур Холмуродов 11 килову 672 грамм ҳашиш дарёфт ва мусодира кардаанд.

Дар идомаи амалиёт ду сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд Ҳақназар Ҳақназаров ва Мурод Олимов, ки шарики афсари мазкури милиса номида мешаванд, боздошт шудаанд. Онҳо Мансур Холмуродовро дар ноҳияи Спитамен мунтазир буданд, то аз вай маводи мухаддирро гирифта, ба ҷое дигар интиқол диҳанд. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, ин гурӯҳ маводи мухаддирро дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дастрас намуда, мехостанд тавассути шимоли Тоҷикистон ба Қирғизистон интиқол диҳанд.

Зимнан, вазорати корҳои дохилӣ таъкид мекунад, ки борҳо фаъолияти Мансур Холмуродовро мавриди санҷиш қарор додааст ва дар ҷараёни санҷиши хизматӣ муайян гардид, вай интизоми пасти хизматӣ дошта, дар фаъолият мунтазам ба камбудиҳо роҳ медодааст.

Ин мавриди дуюми боздошти корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зимни қочоқи маводи мухаддир дар вилояти Суғд дар 3 моҳи охир аст. Моҳи сентябр Бароталӣ Бегматов, корманди собиқи ҳифзи ҳуқуқ ҳамроҳи як сокини шаҳри Кӯлоб - Фатҳулло Саидов дар шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров аз ҷониби кормандони раёсати амният дар ҳоле боздошт гардиданд, ки дар автомобили Бегматов 6 килограм ҳероинро ба таври ғайриқонунӣ интиқол медоданд.

Кормандони амниятӣ дар идомаи ин амалиёт як сокини 45 солаи ноҳияи Бодканди вилояти ҳамноми Қирғизистон – Раҳматбой Тағоевро низ дастгир намуданд, ки мунтазири дастрас кардани ҳероин аз шарикони дастгиршудааш ва интиқоли он ба кишвари худ буд.

Бино ба иттилои расмӣ, дар 9 моҳи аввали соли равон дар вилояти Суғд кормандони ҳамаи ниҳодҳои масъул аз гардиши ғайриқонунии 802 килову 500 грамм маводи мухаддир ҷилавгир кардаанд, ки 152 килои он ҳероин будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG