Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарнавишти норӯшани донишҷӯёни ихроҷшудаи тоҷик аз Русия


Донишҷӯёни тоҷик дар яке аз кишварҳои хориҷӣ.

Донишҷӯёни тоҷик дар яке аз кишварҳои хориҷӣ.

Аз ҷумлаи 20 донишҷӯи тоҷик, ки аз қаламрави Русия ихроҷ шуда буданд, танҳо ду нафар иҷозаи вуруд ба ин кишварро дарёфт карданд.

Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати назди вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, нахустин посух ба номаи ин ниҳод, ки ба Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ирсол шуда буд, 13-уми ноябр омад, ки дар он ба 7 нафар тоҷикистонӣ иҷозаи бозгашт дода шуд. Ва дар ин феҳраст исми ду донишҷӯ ҳам ҳаст.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯйи Хадамоти муҳоҷират дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" гуфт: «Инҳо Шодиев Ҳоҷатулло, донишҷӯйи курси чоруми Донишгоҳи техники шаҳри Иркутск ва Дилшод Юсупов, донишҷӯйи Донишгоҳи иқтисод ва менеҷменти Новосибирск ҳастанд. Агарчӣ масъалаи донишҷӯён ба ваколати вазорати моариф дохил аст, аммо чун донишҷӯён ба мо муроҷиат карда буданд, мо ҳам бо як мактуби расмӣ ба Хадамоти федералии Русия муроҷиат кардем ва як мактуби дигар ба хадамоти амнияти ин кишвар ҳам ирсол кардаем.»

Донишҷӯёне, ки исми худро дар феҳрасти иҷозадодашудаҳо пайдо кардаанд аллакай аз ин хабари хуш огоҳанд. Аммо дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" гуфтанд, ҳоло барои сафар ба ин кишвар омодагӣ намегиранд. Ҳоҷатулло Шодиев, донишҷӯйи курси чоруми Донишгоҳи техники шаҳри Иркутск мегӯяд, ҳоло ҳам исмашон дар рӯйхати афроди депортшуда аз ҳудуди Русия ҳаст ва ӯ метарсад, ки дар сурати бозгашт, дубора ба ин мушкил дучор нашавад:
«Ҳоло ҷавоби аниқ надодаанд, ки воқеан мушкилатон пурра ҳал шудаасту баргардед. Ҳоло боз бо нома ба хадамоти амнияти Русия муроҷиат карда шудааст то дақиқ кунему бо дили пур баргардем. Вале ба ҳар ҳол роҳамон қариб кушода шуд ва умедворем дар зудтарин фурсат бармегардем.»

Аммо бо ин вуҷуд хабари иҷозаи вуруд дарёфт кардани ду донишҷӯ ба муҳассилини дигари ихроҷшуда умед бахшидаву аксарият акнун дар интизори хабарҳои нави хуш ва пайдо шудани исми хеш дар чунин феҳрастҳо ҳастанд.
Пас аз талошу гуфтугузорҳои чандмоҳа, ахиран сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳам хабар дод, ки дар роҳи ҳалли ин қазия то ҷое муваффақ шудаанд ва мушкили донишҷӯёни тоҷик ҳал мешавад. Аммо кай? Ин суолест, ки аксар донишҷӯёни чашминтизори тоҷик имрӯз мехоҳанд посухи дақиқ бигиранд.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия ахиран дар як сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" дар ин маврид гуфт. «Русия ба таври истисно қарори хешро дар мавриди донишҷӯёни тоҷике, ки бинобар вайрон кардани тартиботи будубош дар Русия ихроҷ шуда буданд, бозбинӣ мекунад ва ин аллакай мувофиқа шудааст. Ман фикр мекунам, ки рӯзҳои наздиктарин фурсате ба миён хоҳад омад, ки донишҷӯёни мо дигарбора ба Русия бармегарданд ва таҳсилашонро идома медиҳанд.»

Мушкили ҳудудан 20 доишҷӯйи тоҷик аз 10 донишгоҳи олии Руссия сентябри соли равон замони бозгашт ба он кишвар рӯ зада буд. Онҳо баробари ворид шудан ба ҳудуди ин кишвар бидуни ягон шарҳ хориҷ ва дубора ба Тоҷикистон ирсол шудаанд. Муҳаммад Эгамзод мегӯяд, ин авалин бор аст, ки дар муносиботи дилпоматии ду кишвар чунин як иттифоқ афтодааст. Ба қавли ӯ, донишҷӯёни тоҷик то имрӯз дар ҳудуди ин кишвар ба чунин як мушкил мувоҷеҳ нашуда буданд. Ба гуфтаи оқои Эгамзод, сабаби берун шудани донишҷӯён аз ҳудуди Русия, ноогоҳии онҳо аз қоидаҳои нави будубош дар ин кишвар ва риоя нашудани ин тартибот аст:

«Моҳи январи соли 2013 Русия як тартиботи навро дар қаламрави кишвараш ба роҳ андохт, ки дар асоси он гаштугузори муҳоҷирони меҳнатӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ аз тариқи пойгоҳи ягонаи иттилоотӣ назорат мешавад. Дар мавриди донишҷӯён ин хел аст, ки вақте донишҷӯ авали моҳи сентябр вориди Русия шуд ва дар давоми сол агар аз ҳудуди Русия берун шуд, бояд ба шӯъбаҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират дар назди донишгоҳҳо рафта, худро сабти ном кунад Аз сӯйи дигар, дар кӯчаҳои Маскав ва умуман Русия донишҷӯёни зиёди тоҷик бо мошинҳои дорои рақамҳои латвияву аврупоӣ мегарданд. Онҳо аз ин кишварҳо бо нархи арзон мошин харидорӣ карда ба Руссия бармегарданд ва худро такроран дар хадамот сабти ном намекунанд, ва ин боис мешавад то ба чунин мушкилот дучор шаванд.»

Дар донишгоҳҳои Руссия имрӯз ҳудуди 5 ҳазор донишҷӯйи тоҷик идомаи таҳсил доштаанд ва бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон, аксари ин донишҷӯён аз тариқи квотаҳои давлати Тоҷикистон дар Русия таҳсил мекунанд. Ва гуфта мешавад, донишҷӯёни ихроҷшуда аз 10 донишгоҳи Руссия аксарият бо роҳи расмӣ барои таҳсил ба ин кишвар рафтаву, стипендияи президентӣ Тоҷикистон «Дурахшандагон» дарёфт мекардаанд.

Саид Ҳабибӣ, донишҷӯёни курси 1-уми Донишгоҳи электротехникии Санкт-Петербург, ки дар қатори даҳҳо донишҷӯйи дигар 3 моҳ боз наметавонад ба Русия баргаштаву таҳсилашоро идома диҳад, мегӯяд, ахиран дар Хадамоти муҳоҷират барояш ваъда додаанд, ки то 5 декабр масъалаи бозгашти онҳо ҳал хоҳад шуд. Аммо Саид мегӯяд, аз ҳамсабақонаш шунидааст, ки исми бархе аз онҳо дар феҳрасти афроди аз донишгоҳ хориҷшуда ворид шудааст ва ё дар сурати бозгашт акнун онҳо ба эҳтимоли зиёд як сол дар курси худ мондаву такрор мехонанд.

Аммо ахиран Игор Лякин-Фролов, сафири Руссия дар Тоҷикистон дар як сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, вазорати маорифи ин кишвар ваъда додаст, ки дар сурати бозгашти донишҷӯён ба он кишвар, масъалаи мазкур ба манфиати онҳо ҳал хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG