Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия бар зидди вазири пешин парванда боз шуд


Анатолий Сердюков
Анатолий Сердюков
Бозрасони Русия бар зидди Анатолий Сердюков-вазири пешини дифои Русия парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Кумитаи тафтишотии Русия Сердюковро барои саҳлангорӣ дар иҷрои вазифа муттаҳам медонад.

Вайро муттаҳам кардаанд, ки низомиён ва пулҳои давлатиро барои сохтмони роҳ ба сӯи тафреҳгоҳи хусусиаш ва барои обод намудани теппаҳои атрофи он истифода кардааст. Бино ба гузоришҳо ин тафреҳгоҳ ба домодаш тааллуқ доштааст.

Бино ба ҳисобҳое, ки анҷом гирифтааст, вазири пешин 1,6 миллион доллар ба сармояҳои иҷтимоӣ зарар овардаасст. Агар Сердюков гунаҳгор дониста шавад, дар он сурат бояд 3 моҳро дар зиндон сипарӣ намояд.
XS
SM
MD
LG