Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони давлати Сурия дар музокироти Женев ширкат мекунанд


Ҳукумати Сурия ва эътилофи нируҳои мухолифони давлати ин кишвар, ки аз сӯи Ғарб ҳимоят мешаванд, таъйид кардаанд, ки дар музокироти сулҳи зери назари СММ ширкат хоҳанд кард. Аммо ду ҷониб ҳамоно мавзеъгирии мухталиф доранд ва дар бораи ҳадафҳои музокирот аз нуқтаи назари худ сӯҳбат мекунанд. Қарор аст ин музокирот 22 январ дар Женев оғоз шавад.

Воил Ҳалқӣ-нахуствазири Сурия гуфт, ҳайати ҳукуматӣ ба музокирот барои супурдани ҳокимият намеравад, балки барои ҳали сиёсии масъалаҳо меравад.
Аҳмад Ҷарба-раҳбари эътилофи миллии Сурия, яъне мухолифони Сурия ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки онҳо музокироти Сурияро ҳамчун фароҳамкунандаи замина барои ташкили ҳукумати демократии давраи гузор ва бидуни президент Башор Асад мебинад.

Ҷарба ҳамчунин гуфт, ки Эрон метавонад дар ин музокирот ширкат ҷӯяд, агар ҳимояти худро аз нируҳое, ки ба ҷонибдорӣ аз давлати Сурия меҷанганд, қатъ намояд.
XS
SM
MD
LG