Пайвандҳои дастрасӣ

Тибқи як пажӯҳиш, дар даргириҳои дохилии Сурия беш аз ёздаҳ ҳазор кӯдак кушта шудаанд.

Як гурӯҳи пажӯҳишӣ дар Бритониё гузорише мунтишир кардааст, ки бар пояи он шумораи кӯдакони кушташуда дар ҷанги дохилии Сурия беш аз 11 ҳазор будааст ва садҳо тан аз онҳо низ аз сӯи нишонзанҳо ё снайперистҳо кушта шудаанд.

Гурӯҳи муолеотии Оксфорд, ки ин гузоришро мунташир кардааст, мегӯяд, аз ҳар даҳ нафар кӯдаке, ки дар ин бӯҳрон ҷон бохта, ҳафт кӯдак бар асари таркиш, бомбаборон ва мушакборон кушта шудааст.

Ин гурӯҳ дар айни ҳол мегӯяд, наздик ба 400 кӯдак бар асари тирандозии мустақими нишонзанҳо кушта шудаанд ва 800 кӯдак низ дар пайи "эъдомҳое". ки дар гӯша ва канори он кишвар анҷом шудааст. Гурӯҳи Оксфорд аз тарафҳои ҷанги дохилии Сурия хостааст кӯдаконро ҳадаф қарор надиҳанд.

Хабаргузории Ройтерз аз қавли яке аз пажӯҳишгарони ин муассисаи бритониёӣ мегӯяд, ки далелҳо нишон медиҳанд, кӯдаконе ки бар асари тирандозӣ кушта шудаанд, "қасдан" ҳадаф қарор гирифтаанд. Ин нахустин гузорише аст, ки бо ҷамъоварии далелҳо ва таҳқиқот оид шумора ва шеваи кушта шудани кӯдакон дар ҷанги дохилии Сурия, анҷом шудааст.

Буҳрони Сурия, ки беш аз 2,5 сол аст идома дорад, ба тахмини Созмони Милали Муттаҳид, беш аз 100 ҳазор кушта бар ҷой гузоштааст. Бархе дигар аз оморҳо аз кушта шудани 120 ҳазор нафар то кунун, хабар додаанд.

Дар айни ҳол миллионҳо нафар суриягиҳо овора шудаанд, ки дар байни онҳо бисёре кӯдаконанд, ки аз таҳсил маҳрум шудаанд. Гузориши муассисаи муолеотии Оксфорд таҳти унвони "Ояндаи рабудашуда: шумори пинҳони кӯдакони қурбонӣ дар Сурия", рӯзи 24 ноябр мунташир шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG