Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз боздиди Бердимуҳаммадов аз Тошканд ба поён мерасад


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Имрӯз бозиди Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон аз Узбакистон ба поён мерасад. Вай 25 ноябр барои боздиди дурӯзаи расмӣ вориди Тошканд шуд. Ба иттилои дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо Ислом Каримов-ҳамтои узбаки худ ҳамкориҳо дар арсаи энержӣ, интиқоли газ ба Чин ва масъалаи Ховари Миёнаро баррасӣ мекунад.

Қарор аст, ду тараф ҳамчунин масъалаи амнияти Осиёи Марказӣ баъд аз соли 2014, яъне пас аз хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистонро баррасӣ кунанд.
Соли гузашта Ислом Каримов аз Туркманистон чунин боздид анҷом дода буд ва ҷонибҳо ба тавофуқ расида буданд, ки гардиши колои миёни ду кишварро ба як миллиард доллар мерасонанд.
XS
SM
MD
LG