Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сусан Райс дар Кобул бо Ҳомид Карзай мулоқот кард


Сусан Райс
Сусан Райс
Рӯзи душанбе Сусан Райс-мушовири амнимяти милии Амрико дар Кобул бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон мулоқот кард. Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ояндаи ҳузури артиши Амрико дар Афғонистонро баррасӣ карданд.

Луй Ҷигари Афғонистон мувофиқатномаи Амрикову Афғонистонро дар бораи идомаи ҳузури нируҳои Амрико дар Афғонистон баъд аз хуруҷи нируҳои хориҷӣ аз ин кишвар дар соли 2014 ба тасвиб расонд ва акунун нируҳои Амрико баъд аз соли 2014 низ метавонанд дар Афғонистон ҳузури худро идома диҳанд. Луй Ҷирга аз Ҳомилд Карзай хост, ки то поёни соли ҷорӣ бояд ин мувофиқатномаи Афғонистону Амрикоро имзо кунад. Аммо Карзай дар иҷлоси Луй Ҷирга гуфт, вай мумкин аст ин мувофиқатномаро баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон имзо кунад. Интихобот 5 апрел дар назар гирифта шудааст.

Райс барои он ба Кобул омадааст, ки аз Ҳомид Карзай бихоҳад, то дар ин санад ҳар чӣ зудтар имзо гузорад.
XS
SM
MD
LG