Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти сулҳи Сурия моҳи январ сурат мегирад


Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки даври дуввуми музокироти сулҳ дар Женева рӯзи 22-уми январ баргузор мешавад. Сухангӯи Бан Ки Мун, дабири кулли созмон, рӯзи душанбе гуфт, дар музокироти мавсум ба “Женева-2” роҳҳои “гузариши мусолиматомез, ки ормонҳои мардуми Сурияро бароварда созад”, баррасӣ мешавад. Дар баёния гуфта нашудааст, ки дар нишаст намояндагони кадом кишварҳо ҳузур хоҳанд дошт, вале дар гузашта Русия пофишорӣ кардааст, ки Эрон ҳам ба ин музокирот даъват шавад. Амрикову кишварҳои дигари ғарбӣ мухолифи ҳузури Эрон ҳастанд. Шӯрои Миллии Сурия, яке аз гурӯҳҳои аслии мухолифони давлат гуфтааст, танҳо ба шарти истеъфои раиси ҷумҳур Башор Асад дар музокироти сулҳ ширкат хоҳад кард, чизе ки ҳукумати Сурия рад кардааст. Дар ҷанги дохилии Сурия, ки моҳи марти соли 2011 шурӯъ шуд, то кунун 100 ҳазор нафар кушта ва миллион нафари дигар бехонумон шудаанд.
XS
SM
MD
LG