Пайвандҳои дастрасӣ

Баъзе аз таҳримот алайҳи Эронро лағв мекунанд


Лаурент Фабиус, вазири умури хориҷии Фаронса мегӯяд, шояд Иттиҳодияи Аврупо бар асоси тавофуқи ҳосилшуда дар бораи барномаҳои атомии Эрон баъзе аз таҳримот алайҳи ин кишварро то охири ҳамин сол лағв мекунад. Лаурент Фабиус, рӯзи душанбе гуфт, вазирони умури хориҷии итттиҳодия ҳафтаҳои наздик ҷамъ омада ва “масъалаи қисман аз байн бардоштани таҳримот алайҳи Эронро баррасӣ мекунанд" ва мумкин аст, таҳримот охирҳои моҳи декабр лағв шавад. Эрон рӯзи якшанбе ризоият дод, дар ивази сабуктар кардани таҳримоти иқтисодӣ бахше аз фаъолиятҳои атомиашро бозмедорад. Бар асоси созиш, Эрон захираҳои ураниуми 20 дар садиашро, ки бо идомаи коркард, метавон аз он бомби атомӣ сохт, ба милаҳои сӯхт табдил медиҳад. Ҳамчунин захираҳои ураниуми камғанишударо зиёд намекунад ва реактори оби сангини Арокро ҳам ба кор намеандозад, ки он қодир ба тавлиди плутониум аст.
XS
SM
MD
LG