Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Микола Азаров ҳаракати ҳукуматро "тактикӣ" хонд


Микола Азаров, нахуствазири Украина, мегӯяд, қарори ҳукумат дар бораи ба таъхир андохтани имзои аҳдномаи ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупо танҳо бо назардошти нигарониҳои иқтисодӣ ва «як ҳаракати тактикӣ» буд. Микола Азаров, рӯзи ҷумъа ба порлумон гуфт, қарори мазкур дар умум, стротегияи рушди Украинаро тағйир надодааст. Аммо вакилони мухолифи давлат бо нидои «шармандангӣ» суханронии ӯро буриданд. Як ҳафта пеш аз нишасти сарони кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Иттиҳодияи Аврупо, ҳукумати Украина гуфт, ки имзои аҳдномаи ҳампаймонӣ бо иттиҳодияи мазкурро ба таъхир меандозад. Мақомоти аврупоӣ умедвор буданд, ки санади мазкур бо Украинаро дар нишасти рӯзҳои 28 ва 29 ноябр дар Вилнюс имзо мекунанд. Иттиҳодияи Аврупо аз қарори Украина ибрози таассуф кард. Баъди эълони ин қарор рӯзи ҷумъа дар шаҳри Киев ва дигар гӯшаҳои Украина, тазоҳуроти пароканда ва хурд баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG