Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи қурбониёни таркиши Бейрут ба 23 нафар расид


Бар асоси гузоришҳои ахир шумораи қурбониёни таркиши назди сафоратхонаи Эрон дар Бейрут ба 23 нафар расидааст. Даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Биноҳои муттааллиқ ба сафорат осеб дидаанд.

Мақомоти расмии Лубнон мегӯянд, ки Ғазанфар Рукн-Абадӣ-сафири Эрон дар Лубнон дар ин ҳодиса осеб надиааст, вале сафорат мегӯяд, ки Иброҳим Ансорӣ-намояндаи фарҳангии сафорат сахт ҷароҳат бардоштааст. Вале баъдтар хабаргузориҳо гузориш доданд, ки вай кушта шудааст.

Сафорати Эрон дар минтақае ҷой гирифтааст, ки ситоди Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳам дар он ҷо мебошад. Ҳизбуллоҳ аз Эрон ва аз Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия ҷонибдорӣ мекунад.

Дар гузоришҳои ибтидоӣ омада буд, ки ду бамгузори интиҳорӣ якеаш бо мошини бамгузоришуда худро таркондаанд.
XS
SM
MD
LG