Пайвандҳои дастрасӣ

Георги Маргвелашвилӣ дар маросими вижае дар Тифлис ба унвони раиси ҷумҳури нави Гурҷистон савганд ёд кард.

Вай яке аз ҳампаймонҳои Бидзина Иванишвилӣ-нахуствазири кишвар мебошад, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи октябр пирӯзии чашмгир ба даст овард. Дар маросими савганд тақрибан 50 намояндаи кишвари хориҷӣ ширкат доштанд ва ин маросим дар боғчаи бинои кӯҳнаи порламони Тифлис баргузор шуд. Маргвелашвилӣ 44 сол дорад. Вай файласуф ва ректори пешини донишгоҳ аст ва акнун давраи раёсати ҷумҳуриаш 5 сол давом мекунад.

Дар маросими савганд Маргвелашвилӣ қавл дод, ки аз барномаҳои Михаил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури пешин дар бораи пайвастан ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо ва паймони НАТО даст намекашад, вале ҳамзамон саъй хоҳад кард, ки муносибот бо Русия беҳбуд ёбад: “Бо вуҷуди вазъи душвор, ки мо бо он имрӯз рӯ ба рӯ ҳастем ва ҳамзамон мехоҳем ба сохторҳои Аврупо ва Аврупову Атлантик ҳамроҳ шавем, ман бори дигар бар тааҳҳудотамон роҷеъ ба идомаи музокира бо Русия ва барқарории шароит барои ҳали мсъалаҳои мавҷудаи имрӯз таъкид мекунам. Ин музокирот бо назардошти эҳтироми ҳатмии манофеи миллии Гурҷистон, эҳтиром ба марзҳои эътирофшудаи байналмиллалии мо ва усули тамомияти арзӣ ва иэҳтиром ба стиқлол анҷом хоҳад гирифт”.

Маргвелашвилӣ ҳамчунин ба мардуми Абхозистону Асетияи Ҷанубӣ паём фиристод, ба ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон, ки баъд аз ҷанги мухтасари Гурҷистону Русия дар моҳи августи соли 2008 Русия ба таври расмӣ онҳоро чун кишвари мустақил эътироф кардааст. Вай гуфт: “Пешниҳоди мо ба ҳамватанонамон, ки дар Абхозистон ва дар Тсхинвалӣ зиндагӣ мекунанд чунин аст: Биёед бо ҳам кишвари муваффақи демократӣ бунёд кунем, кишваре, ки беҳзистии шаҳрвандон, ҳифзи қавмият ва ҳуввияти фарҳангии онҳоро замонат медиҳад ва ба ҳуқуқҳои сисёсии онҳо эҳтиром мегузорад. Ман ба унвони раиси ҷумҳури Гурҷистон ва ҳизби ҳоким масъулияти иҷрои ин сиёсатро бар дӯш мегирам”.

Саакашвилӣ дар маросими савганди президенти нав ширкат надошт.

Саакашвилӣ дар маросими савганди президенти нав ширкат надошт.

Бо савганди Маргвелашвилӣ-раиси ҷумҳури нав давраи раёсати тақрибан даҳсолаи Михаил Саакашвилӣ ба поён расид. Вайро чун раиси ҷумҳури ғарбгаро мешиносанд. Саакашвилӣ рӯзи якшанбе дар маросими савганд ширкат накард ва онро нишонаи эътироз ба парвандаҳои додгоҳии чанд вазири пешин ва ҳамҳизбиёнаш медонад.

Акнун бо оғози давраи раёсати Маргвелашвилӣ аъзои кобинаи Гурҷистон ба раҳбарии нахуствазир Бидзина Иванишвилӣ пурра ба истеъфо мераванд. Рӯзҳои душанбе ва сешанбе парлумони кишвар, ки дар он ҳизби ҳоким, яъне эътилофи “Руъёи Гурҷистон” аксариятро ташкил медиҳад, номзадии Ираклӣ Гарибашвилиро ба мақоми нахуствазирии кишвар ба раиси ҷумҳур пешниҳод мекунад. Агар раиси ҷумҳур номзадии вайро қабул кунад, дар он сурат Гарибашвилӣ аъзои кобинаи нави худро чун нахуствазир барои тасвиб ба порламон пешниҳод хоҳад кард.

Хабаргузориҳо аз қавли манобеи худ пешгӯӣ мекунанд, ки то охири ҳафтаи оянда парлумон кобинаи навро ба тасвиб хоҳад расонд. Аммо он чӣ ба Бидзина Иванишвилӣ иртибот дорад, вай моҳҳои гузашта эълон карда буд, ки баъд аз оғози фаъолияти раиси ҷумҳури нав аз мақомаш истеъфо медиҳад ва фаъолияташро дар бахшҳои иҷтимоӣ идома медиҳад. Бо ташаббуси худи Иванишвилӣ 2 ноябр эътилофи “Руъёи Гурҷистон” тасмим гирифт, ки номзадии Ираклий Гарибашвилӣ-вазири корҳои дохилаи Гурҷистонро ба мақоми нахуствазирӣ пешниҳод мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG