Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳоле, ки садҳо ҳазор тан аз қирғизҳо барои дарёфти шуғл ба Русия ва Қазоқистон мераванд, бисёриҳо дар ин кишвар мепурсанд, ки чаро ҷойҳои корӣ дар кишвари онҳо ба чиниҳо ихтисос дода мешавад.

Ин пурсишест, ки дар зеҳни бисёре аз коргарон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Қирғизистон чарх мезанад ва аз ҳукумат мехоҳанд, ки ҷойҳои кории мавҷударо барои шаҳрвандони ин кишвар ҳифз бикунад.

Урматбек Шергалиев, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ноҳияи Кочкор дар вилояти шарқии Норин мегӯяд, ки барои қирғизҳои оддӣ хеле душвор аст, дарк бикунанд, ки чаро мақомот барои хориҷиён саҳмия кор дар ин кишвар ҷудо мекунанд? Ба гуфтаи ин фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ: «Ин ҷо камбуди нерӯи корӣ барои ин шуғлҳо нест, аммо ширкатҳо намехоҳанд коргарони маҳаллиро ба кор истихдом кунанд. Мардум тарҷеҳ медиҳанд, ки дар кишвари худ кор дошта бошанд, ба ҷои он, ки дар ҷустуҷӯи кор ба Русия сафар кунанд ва таҳқиру озор бубинанд.»

Тибқи иттилои вазорати кор ва муҳоҷирати Қирғизистон, аз 13 ҳазор саҳмияи солонаи ҷойи кор барои хориҷиёне, ки ба таври расмӣ дар ин кишвар фаъолият мебаранд, 70 дарсади он ба чиниҳо ихтисос дода шудааст. Сафорати Чин дар Бишкек мегӯяд, ки ҳудуди 20 ҳазор шаҳрванди ин кишвар дар ширкатҳои мухталифи чинӣ-қирғизӣ, ҳамчунин дар ресторантҳо ва ҷойҳои дигари корӣ, фаъолият мекунанд. Аммо коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, ки шумораи воқеии коргарони чинӣ дар Қирғизистон ҳудуди 50 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ин нуқтае мебошад, ки бисёре аз қирғизҳо аз он интиқод мекунанд, дар ҳоле кишвар ба бекорӣ ва ҷаҳиши нархҳо рӯбарӯст ва тақрибан 500 ҳазор шаҳрванди ин кишвар дар ҷустуҷӯи қути лоямут ба Русия ва Қазоқистон мераванд.

Дар ҳоле, ки омори расмӣ сатҳи бекориро дар ин кишвар 8 дарсад мегӯяд, аммо иқтисоддони муқими Бишкек Азамат Оқилов ба ин назар аст, ки ин арқом ҳақиқатро бозгӯ намекунад: «Афроде, ки корҳои мавсимӣ доранд, мисли муҳоҷирони корӣ, ки дар Русия ҳастанд, чун коргарони доимӣ ҳисоб карда шудаанд. Аммо дар ҳақиқат онҳо бинобар набудани ҷои корӣ кишварро тарк кардаанд.»

Аммо тибқи фарзия дигар, корҳое, ки хориҷиҳо дар ин кишвар анҷом медиҳанд, мардуми маҳаллӣ намехоҳанд онро анҷом бидиҳанд. Сухангӯи вазорати кор ва муҳоҷирати Қирғизистон Доскул Бекмирзоев ба Радиои Озодӣ гуфт, бисёре аз қирғизҳо корҳои мавсимӣ дар Русияро, ки метавонанд маблағи бештарро дар замони кӯтоҳ ба даст биёранд, тарҷеҳ медиҳанд.

Ин масъули қирғиз мегӯяд: «Агар шумо ба Иссиқул аз тариқи шоҳроҳи Бишкек-Торугарт, ки дар ҳоли ҳозир аз сӯи ширкатҳои муштараки расмии Чин ва Қирғизистон сохта мешавад, сафар кунед, шумо хоҳед дид, ман ҷонибдорӣ намекунам, аммо коргарони чинӣ субҳи барвақт ба кор оғоз мекунанд ва хеле ҳам сахт кор мекунанд. Дар ҳоле, ки шаҳрвандони мо тарҷеҳ медиҳанд, ки дар Русия кор кунанд.»

Султон Саригаев, як масъули вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Қирғизистон мегӯяд, ки сармоягузорони чинӣ мутахассисон барои корҳои вижаро бо худ меоранд, ки маҳорати хосро талаб мекунад. Ба гуфтаи ин мақоми қирғиз, ба ин соддагӣ наметавон коргарони маҳаллиро истихдом кард. Чиниҳо техникаи худ ҳамроҳ бо муҳандисон, монитор ва дигар мутахассисони баландпояро меоранд, то онро ба кор андозанд ва идора намоянд.»

Ба гуфта оқои Саригаев, тарҳҳои муштараки Қирғизистон-Чин маъмулан 70 дарсади ҷойҳои кориро ба чиниҳо ва 30 дарсади онро ба коргарони маҳаллӣ ихтисос медиҳад.

Дар ҳамин ҳол вазири кор ва муҳоҷирати Қирғизистон Илёсбек Алимқулов мегӯяд, ҳар муомила бо сармоягузорони чинӣ бар пояи манофеи коргарони маҳаллӣ сурат мегирад. Ин масъули қирғиз гуфт, мақомоти қирғиз муътақиданд, ки тарҳои муштараки Чин-Қирғизистон, аз ҷумла бунёди корхонаи коркади нафти Кара Балта дар ғарби Бишкек ва нерӯгоҳи барқӣ дар вилояти Чуй, барои коргарони маҳаллӣ шароити кор фароҳам мекунад.

Дар кишвари ҳамсояи Қирғизистон, яъне Тоҷикистон низ шумораи зиёде аз коргарони чиниро дар тарҳҳои мухталиф метавон вохӯрд ва шумори рӯзафзуни чеҳраҳои чинӣ дар бозорҳо ва сохтмонҳои Тоҷикистонро мардум ба шеваҳои гуногун тафсир мекунанд. Дар ҳоле, ки тибқи иттилои ғайрирасмӣ беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба мардикорӣ машғуланд, теъдоди коргарони чинӣ дар корхонаву иншоотҳои Тоҷикистон бамаротиб меафзояд.

Ширкатҳои чиние, ки дар Тоҷикистон бо сохтмони роҳҳову биноҳо, тарҳҳои энержӣ ва коркарди оҳан машғуланд, кормандони худро умдатан аз Чин меоранд. Дар соли 2013 Тоҷикистон эълом дошт, ки дар вилояти Хатлон 3 ҳазор ҳектор заминро ба ихтиёри кишоварзони Чин хоҳад гузошт.

Коршиносон мегӯянд, афзоиши чиниҳо дар Тоҷикистон ҳанӯз эҳсосшаванда нест, аммо аз эҳтимол дур нест, ки ба ҳамин наздикиҳо дар кишвар маҳаллаҳои чинӣ пайдо шаванд. Аммо мардуми оддӣ дар мавриди ҳузури рӯзафзуни чиниҳо дар Тоҷикистон чӣ андеша доранд?

НАВОР АЗ БОЙГОНӢ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG