Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбари ҳамлаи Волгоград кушта шуд


Ниҳодҳои интизомии Русия мегӯянд, 5 тундрави эҳтимолӣ, аз ҷумла як нафари дигар, ки гӯё дар инфиҷори автобуси мусофирбар дар шаҳри Волгогради Русия даст дорад, дар ҷараёни амалиёти нируҳои вижа дар берун аз шаҳри Махачқалъа кушта шудаанд.

Хабаргузориҳои Русия гузориш додаанд, ки пулиси маҳалӣ рӯзи шанбе дар деҳаи Самандар хонаеро муҳосира кардааст. Дар ин хона Дмитрий Соколов ва афроди дигари мусаллаҳ паноҳ бурда будаанд. Соколов ба ислом гаравида ва бо Найда Асияловаи мусулмон арусӣ карда буд. Найда хонуме буд, ки бо бамгузории автобуси мусофирбар дар Волгоград иртибот дошт.

Субҳи рӯзи шанбе мақомоти Русия эълон карданд, ки Соколов масъулияти чанд ҳамлаи террористиро бар уҳда гирифтааст ва бамгузорӣ дар автобуси мусофирбарии Волгоград низ яке аз онҳост. Соколов гуфтааст, ки вай аз маводи мунфаҷира баме сохтааст ва онро барои таркиш дар автобус гузоштаанд.
XS
SM
MD
LG