Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба ҷавонони тоҷике, ки орзуи таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои хориҷ, ба вижа Амрикоро доранд, роҳҳои осонтари расидан ба орзуҳояшон пешниҳод шуд.

Дар Душанбе сенздаҳумин намоишгоҳи омӯзишии иттилоотии таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷӣ баргузор шуд. Ин намоишгоҳ дар доираи ҳафтаи таҳсилоти аврупоӣ доир шуда, дар он ба ҷавонон имкон дода шуд, то бо барномаву квотаҳои таҳсил дар муассисаҳои таълимии Амрико, Аврупо ва Олмону дигар давлатҳо ошно шаванд. Дар намоишгоҳи мазкур, ки бо ташаббуси сафорати Амрико соли ҷорӣ дар маркази Исмоилия баргузор шуд, барномаҳои омӯзишии созмону лоиҳаҳои мухталифи байналмиллалӣ, аз ҷумла Барномаи таҳсилоти олӣ ва табодули илмии IREX ва АССELC-и Омрико, маркази фарҳангии “Бохтар”, DAAD-и Олмон ва ТEMPUS-и Аврупо муаррифӣ шуд.

Андреа Колан, намояндаи фарҳангии сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои «Озодӣ» гуфт, давоми 20 соли ахир, беш аз 4 ҳазор донишҷӯёну мутахассисон ва унвонҷӯён аз Тоҷикистон тибқи барномаҳои мухталифи омӯзишӣ ба Амрико сафар кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамасола 500 нафар ҷавонон муттахассисони тоҷик бо ҳадафи таҳсил ва бозомӯзӣ ба Амрико мераванд.

Холмати Холиқ, намояндаи шӯроҳои амрикои оид ба маорифи байналмилалӣ, ҳамоҳангсозӣ барномаи «USKF» мегӯяд, ҳар сол аз тариқи ин барнома 10-11 донишҷӯи тоҷик барои таҳсил ба донишгоҳҳои байналмилаллӣ ва амрикоӣ дар Қазоқистону Қирғизистон ё барои таҳсили як сола ба Амрико равона месозанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ҷавонони зиёди тоҷик орзуи таҳсил дар муассисаҳои таълимии Амрикову Аврупоро доранд, аммо барои амалӣ кардани ин орзуи худ онҳо имкони молӣ надоранд ва барномаи мазкур ҳам ба ҳамин гурӯҳи ҷавонон, ки дониши хуб доранд пешбинӣ шудааст.

Холмати Холиқ мегӯяд: «Аммо қаблан вазъи зист ва даромади солонаи хонаводаӣ, ки онҳо соҳиби мошин ҳаст ё на таҳқиқ мешавад ва танҳо баъд тасмим гирифта мешавад, ки ба ҷавонон квота дода шавад ё на. Ҳар сол ба ин барномаи мо 120-150 довталаб ширкат мекунад, аммо аз ин теъдод танҳо 10 нафар метавонад квотаро ба даст орад.»

Мунис Ҷумъаев, донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон пас аз ошноӣ бо барномаҳои созмону лоиҳаҳои омӯзишии байналмилаллӣ ба хулосае омадааст, ки аз барномаи созмони «DAAD»-и Олмон барои таҳсил дар ин кишвар истифода хоҳад кард.

Вай гуфт, «Тасмим гирифтам барои таҳсил дар магистратура ба Олмон равам. Ин ҷо намояндагони ин созмон гуфтанд, таҳсил ройгон аст ва донишҷӯ бо ҷойи хобу нақлиёти ройгон ҳам таъмин мекунанд. Ин шонси хеле хуб аст барои ҷавонони тоҷике, ки мехоҳанд магистратураро дар Олмон бихонад. Шарти аслӣ донистани забони англисӣ ба дараҷаи олӣ ё ба 60-70 дарсад аст. Ба фикрам ман ба ин шарт мутобиқам, зеро дараҷаи донистани забони англисиям 60 дар сад аст.»

Аммо на ҳама ҷавонон ба дастрасу амалишаванда будани ин барномаҳое, ки ҳамасола дар доираи як намоишгоҳ муаррифӣ мешаванд, бовар доранд. Аврангзеб, ҷавоне, ки имсол мактаби миёнаро хатм мекунад ва мехоҳад дар ягон донишгоҳи Амрико ё Ҷумҳурии Чех таҳсили худро идома диҳад, мегӯяд, барномаҳое, ки дар чунин намоишгоҳҳо ҳар сол муаррифӣ мешаванд, ба як теъдоди хеле хурди ҷавонон имкони сафар ва таҳсил дар хориҷро фароҳам меорад. Ӯ шарту талаботи ин барномаву созмонҳоро барои як ҷавони тоҷик хеле мушкил арзёбӣ мекунад.

«Ягон 20 дарсад агар барои истифода аз ин барномаҳо имкон пайдо кунад, дигар ба фикрам дар амал аксари ин созмону марказҳо танҳо ба хотири тарғиби исми созмони худ дар ин намоишгоҳҳо ширкат мекунанд. Эълон мекунанд, аз ҷавонон даъвати ширкат мекунанд, вале дар асл бубинӣ танҳо 2 квотаи таҳсил доранд ва аксари ҷавонон ноумед мешаванд.», гуфт Аврангзеб.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG