Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муаррифиномаи Меҳрнигори Рустам


Меҳрнигори Рустам 14-уми октябри соли 1994 дар оилаи ҳунармандон ба дунё омадааст. Мактаби байналмилалии шаҳри Душанберо соли 2011 хатм кардааст.

Нахустин таронаашро Меҳрнигор дар панҷсолагиаш хонда буд, ки «Куртаи чакан» ном дошт. Меҳринигор то имрӯз дар озмунҳои зиёди ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ ширкат карда, ҷоизаҳои зиёд ба даст овардааст. Соли 2001 дар озмуни «Ғунчаҳои умед» ва соли 2003 дар озмуни «Офтобак» ширкат карда, соҳиби Шоҳҷоизаи ин озмун шудааст. Баъдан дар озмуни байналмилалии «Йединҷи туркча олимпиадалари» дар Туркия соҳиби медалҳои тилло ва нуқра шудааст. Соли 2006 дар озмуни «Бозиҳои делфӣ» миёни наврасони кишварҳои ИДМ ба гирифтани ду медали тилло - дар бахши таронаҳои мардумӣ ва таронаҳои эстрадӣ ноил шудааст.

Ҳоло донишҷӯи соли сеюми факултаи академии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов аст, ҳамзамон дар дастаи ҳунарии «Ориё»-и назди Кумитаи телевизион ва радио фаъолият мекунад.
XS
SM
MD
LG