Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳодияи Аврупо интихоботи Тоҷикистонро танқид кард


Иттиҳодияи Аврупо шеваи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро интиқод карда ва гуфтааст, ки он мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат нагирифт. Сухангӯи Кетрин Эштон, масъули умури сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар як баёнияи катбӣ гуфт, иттиҳодия бо хулосаҳои нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мувофиқ аст, ки гуфтанд, интихоботи президентии рщзи 6 ноябр Тоҷикистон бо қонуншиканӣ олуда буд. Нозирони ин созмон гуфтаанд, ҳарчанд интихобот ором баргузор шуд, аммо дар он чандандешӣ ва рақобати воқеъӣ дида намешуд ва мақомот дар корзори пешазинтихоботӣ барои мухолифон монеаҳои зиёде эҷод карданд. Дар интихобот Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури феълии Тоҷикистон бештар аз 83 дар сади раъйи мардумро ба даст оварда ва пирӯз шуд.
XS
SM
MD
LG