Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вилям Ҳейг аз музокирот бо Эрон хушбин аст


Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё, мумкин аст, созиш миёни қудратҳои ҷаҳонӣ ва Эрон дар бораи барномаи атомии ин кишвар ба даст биёяд. Ӯ дар мусоҳиба бо Би Би Си гуфт, фурсати ҳаётӣ расидааст, ки бояд аз он истифода кард, “зеро созиш рӯи миз аст ва метавон ба он даст ёфт."

Вилям Ҳейг афзуд: "Имкони хубе вуҷуд дорад, ки то чанд ҳафтаи дигар созиш бо Эрон ҳосил шавад, аммо тавре гуфтам, ин як бисёр мушкил аст. Наметавонам бигӯям, ки кай музокирот ниҳоӣ хоҳад шуд, вале мо рӯзҳои 20 ва 21 ноябр саъй мекунем ва музокиракунандагон ҳам дигарбора саъй мекунанд."

Пештар аз ин Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон гуфт, ки кишвараш аз ҳаққи ҳастаии худ, аз ҷумла ҳаққи ғанисозии ураниум даст нахоҳад кашид. Ҳасан Рӯҳонӣ дар ин бора як рӯз баъд аз он сӯҳбат кард, ки музокироти серӯзаи байналмилалӣ дар бораи барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон дар шаҳри Женева бе созиш ба поён расид, вале қарор аст, тарафҳо 10 рӯз баъд гуфтугӯро идома диҳанд. Дар музокироти Эрон бо 6 қудрати ҷаҳонӣ, Бритониёву Чин, Амрикову Русия ва Фаронсаву Олмон роҳҳои рафъи нигарониҳои байналмилалӣ аз барномаҳои атомии Эронро баррасӣ мекунанд. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон қасд дорад, пинҳонӣ бомби атомӣ бисозад, вале Теҳрон ин иддаъоро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG