Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии “Вахш” бар “Энергетик” ва “Парвоз” бар “Истаравшан”


Рӯзи ҷумъаи 8-уми ноябр ду бозии даври 20-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бар тими меҳмон – “Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Ҷозеф Боатенг, легионери африқоии “Вахш” аз Гана, дар дақиқаи аввали бозӣ ҳисобро кушод. Голи дувуми мизбононро Наврӯз Рустамов дар дақиқаи 79-ум ба ҳадаф расонд. Капитани “Энергетик” Сафархон Мирзоев барои бо даст задани рақибаш дар дақиқаи 80-ум аз майдон хориҷ шуд.

Дар бозии дигар дастаи «Истаравшан»-и Истаравшан дар майдони худ аз тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд. Голҳои “Парвоз”-ро Илҳом Мирзоев дар дақиқаи 42-юм, Комрони Мирзохон (дақиқаи 45-ум) ва Шоҳрух Раҷабмадов (дақиқаи 90+5) заданд. Ду голи “Истаравшан”-ро Руслан Раҳматов (дақиқаи 90-ум) ва Сӯҳроб Эгамбердиев (дақиқаи 58-ум) ба самар расонданд.

Ду бозии дигари даври 20-ум рӯзи якшанбеи 10-уми ноябр миёни дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд – ССКА “Помир»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб - «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода баргузор мешавад.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот “Равшан” бо 41 имтиёз дар ҷойи аввал ва “Истиқлол”-и Душанбе бо 37 имтиёз дар ҷойи дувум қарор доранд. Футболбозони Кӯлоб, ки дар бозиҳои имсолаи қаҳрамонии кишвар то ҳоло мағлуб нашудаанд, дар мавриди пирӯзӣ дар бозии навбатӣ бар “Регар-ТадАЗ” пешакӣ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст хоҳанд ёфт.

Барои медалҳои биринҷӣ “Хайр”-и Ваҳдат ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода талош доранд. «Хайр» бо 32 имтиёз дар ҷои севум ва «Регар-ТадАЗ» бо 26 имтиёз дар ҷойи чорум мебошанд. Футболбозони шаҳри Турсунзода як бозӣ камтар кардаанд.


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот


Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Тӯбҳо И
1. «Равшан» 15 13 2 0 25-5 41
2. «Истиқлол» 16 12 1 3 43-8 37
3. «Хайр» 16 9 5 2 26-14 32
4. «Регар-ТадАЗ» 15 8 2 5 21-17 26
5. «Парвоз» 16 4 6 6 14-28 18
6. «Хуҷанд» 15 4 5 6 14-18 17
7. «Энергетик» 16 4 4 8 13-21 16
8. «Вахш» 16 4 3 9 11-16 15
9. ССКА «Помир» 15 2 4 9 10-21 10
10. «Истаравшан» 15 1 2 12 11-38 5

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни Сӯҳробӣ (”Истиқлол” / “Хайр”) – 11 тӯб, Дилшод Восиев (“Истиқлол”) – 10 тӯб, Ҳасан Рустамов (“Равшан”) – 7 тӯб, Александр Кудряшов (“Истиқлол”) ва Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) – 6-тӯбӣ, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”) – 5 тӯб, ва Соломон Течи («Равшан») – 5-тӯбӣ.

Бозиҳои боқимондаи мусобиқоти лигаи олӣ

Даври 20-ум


10-уми ноябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00

«ХУҶАНД» - ССКА «ПОМИР». Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».
«РАВШАН» - «РЕГАР-ТАДАЗ». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.

Даври 21-ум
13-уми ноябр (чоршанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00

«ЭНЕРГЕТИК» - «РАВШАН». Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор».
«ХАЙР» - «ВАХШ». Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр».
«ПАРВОЗ» - «ХУҶАНД». Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ».
«РЕГАР-ТАДАЗ» - «ИСТАРАВШАН». Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург».

Бозии мавқуфгузоштаи даври 15-ум
13-уми ноябр (чоршанбе)
Оғози бозӣ – соати 14.00

ССКА «ПОМИР» - «ИСТИҚЛОЛ». Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Даври 22-юм
17-уми ноябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00

«ИСТАРАВШАН» - «ЭНЕРГЕТИК». Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.
«РАВШАН» - «ХАЙР». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.
ССКА «ПОМИР» - «ПАРВОЗ». Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.
«ХУҶАНД» - «РЕГАР-ТАДАЗ». Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».
«ВАХШ» - «ИСТИҚЛОЛ». Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG